Эътирофи Тоҷикистон ба сифати кишвари пешсаф дар синамаконии тифлон

Date:

Дар Тоҷикистон 73%-и занон танҳо ба синамаконии тифлон (муддати 6 моҳ ва зиёдтар аз он) афзалият медиҳанд, хабар дода мешавад дар сомонаи филиали Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дар Аврупо.

Бино ба иттилои манбаъ, ба ин феҳрист ҳамчунин Туркманистон (57%), Қазоқистон (51%) ва Гурҷистон (35%) низ шомил шудаанд.

Муҳаққиқони филиали Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо ошкор кардаанд, ки синамаконии тӯлонӣ хатари фарбеҳшавии носолими кӯдаконро кам мекунад.

Таҳқиқот дар навбати аввал кишварҳои аврупоиро фарогир аст. Дар он зикр мешавад, ки имрӯз наздики 400 ҳазор нафар кӯдакони синни аз 6 то 9-сола дар Аврупо аз шакли вазнини фарбеҳшавӣ азият мекашанд. Мутахассисон мегӯянд, тадбирҳои роҳандозишуда дар самти мубориза бо фарбеҳшавӣ дар кишварҳои Аврупо натиҷаҳои дилхоҳ надодаанд.

“Ҳар қадар, ки ба тифл ба муддати зиёдтар бо роҳи синамаконӣ ғизо дода шавад, ҳамон қадр беҳтар ӯ аз фарбеҳшавӣ эмин мемонад. Ин маълумот ба мо барои таҳияи тадбирҳои бештар самарнок дар мубориза бо мушкилоти фарбеҳшавӣ кумак мекунад”, – изҳор доштааст намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Бенте Миккелсен.

Дар ҷараёни таҳқиқот коршиносони СҶТ ошкор кардаанд, ки давомнокии синамаконӣ дар Аврупо ба меъёрҳои ҷаҳонии тавсияшуда мувофиқ нест. Табибон тавсия додаанд, ки то шашмоҳагӣ ба тифлон танҳо бо шири модар ғизо дода, пас аз он ба хӯроки кӯдак метавон дигар ғизоро ҳам илова намуд ва мувофиқи имкон синамакониро то ду сол идома дод.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...