Равуои нақлиёт тариқи роҳи Душанбе-Хуҷанд барқарор шуд

Date:

Пас аз бартараф намудани оқибатҳои лағжиши кӯҳпораи азим дар километри 119-уми роҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд, ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи он барқарор шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти филиали ширкати IRS дар Тоҷикистон.

Котиби матбуотии филиали ширкат Далер Мерганов ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ дод, ки роҳ аз ҳарду самт барои ҳаракати нақлиёт боз шудааст.

“Аввал ҳаракатро ба самти Душанбе ва сипас ба самти Хуҷанд низ иҷоза доданд. Айни замон воситаҳои нақлиёт метавонанд ба ҳарду самт ҳаракат кунад. Қитъаи вайроншудаи роҳ рӯзҳои наздик таъмиру асфалтпӯш мешавад”, – иброз дошт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки бар асари лағжиши кӯҳпораи азим дар километри 119-уми роҳи Душанбе-Хуҷанд субҳи имрӯз роҳ баста шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...