Роҳпаймоӣ дар маъракаи “Полки абадӣ” дар Душанбе

Date:

Мақомоти шаҳрдории Душанбе ба баргузор намудани маросим ё маъракаи “Полки абадӣ” дар пойтахт иҷоза дод, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Маркази илму фарҳанги Россия.

Ҷамъшавии иштирокчиёни ин иқдом назди Театри лӯхтак муқаррар шуда, маъракаи раҳпаймоии тантанавӣ санаи 9 май, соати 10:00 оғоз мегардад.

“Раҳпаймоӣ дар Боғи Ғалаба ба итмом мерасад. Ҳадафи аслӣ аз баргузории маъракаи “Полки абадӣ” поси хотири наслест, ки даҳшатҳои ҷангро паси сар кардаааст, ҳамчунин қурбониёни ин ҷанг аст. Ҳамаи хоҳишмандонро ба иштирок дар ин чорабинӣ даъват мекунем”, – зикр карданд дар Марказ.

Дар ҷараёни ин иқдом сокиноне, ки наздиконашон дар ҷангҳои солҳои 1941-1945 иштирок кардаанд, бо акси калони онҳо ба кӯча баромада, хотири гузаштагонро азизу гиромӣ медоранд.

Шахсони хоҳишманд Лентаи георгиевиро дар Марказҳои илму фарҳанги Россия комилан бепул дастрас карда метавонанд. Марказҳо дар Душанбе бо суроғаи кӯчаи Турсунзода, 28 ва дар Хуҷанд – хиёбони Исмоили Сомонӣ, 52 чойгиранд.

Соли гузашта бо вуҷуди иҷозаи расмӣ надоштан ба баргузории раҳпаймоӣ, ба ҳар ҳол он доир гардида, ҳукуматдорони шаҳр ба он монеъ нашуданд. Субҳи рӯзи 9 майи соли 2018 наздики 500 нафар сокинони пойтахт назди дарвозаи Боғи Ғалаба (мавзеи маъруф ба пивзавод) ҷамъ омада, то Боғи Ғалаба раҳпаймоӣ карданд. Ин ҷо онҳо дар пояи Оташи ҷовидон барои гиромӣ доштани хотираи фавтидагон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ гулҳо гузоштанд.

Қобили зикр аст, ки сафи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон сол то сол кам мешавад. Имрӯз онҳо ҳамагӣ 244 нафар боқӣ мондаанд. Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ), ки дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунанд, имсол дар остонаи ҷашни Рӯзи Ғалаба аз ҳисоби фонди захиравии раиси пойтахт ҳар кадоме ба маблағи 1 ҳазору 500 сомонӣ кумакпулии якдафъаина мегиранд. Соли гузашта ба ҳар кадоме аз иштирокчиёни ҶБВ аз номи президенти Тоҷикистон 1 ҳазору 500 сомонӣ кумаки якдафъаина ҷудо шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...