Музокироти роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии ОМ дар Душанбе

Дар Душанбе имрӯз нахустин вохӯрии роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии Осиёи Марказӣ (ОМ) оид ба масоили рушди авиатсияи граждании минтақа баргузор мегардад. Тавре аз хадамоти матбуотии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар доданд, вохӯрӣ гирди мизи мудаввар сурат гирифта, бо ибтикори ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар ҳамдастӣ бо Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассосиатсияи байналмилалии […]

Asia-Plus

Дар Душанбе имрӯз нахустин вохӯрии роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии Осиёи Марказӣ (ОМ) оид ба масоили рушди авиатсияи граждании минтақа баргузор мегардад.

Тавре аз хадамоти матбуотии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар доданд, вохӯрӣ гирди мизи мудаввар сурат гирифта, бо ибтикори ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар ҳамдастӣ бо Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IАТА) гузаронида мешавад.

Мизи мудаввари мазкур дар силсилаи вохӯриҳои банақшагирифта нахустин иқдом буда барои баррасии мушкилоти минтақавӣ, ки садди рушди авиатсияи граждании минтақа гардидаанд, ҳамчунин роҳандозии иқдомҳои муштараки ширкатҳои ҳавопаймоӣ, ҳукуматҳои кишварҳо ва ҷонибҳои дигари ба рушди минбаъдаи авиатсияи граждании Осиёи Марказӣ мароқдошта бобати афзоиши гардиши мусофирон, васеъкунии парки ҳавопаймоӣ ва шабакаи парвозҳо имконият фароҳам меорад.

Иштирокдорони мизи мудаввар ҳамзамон шарҳи афзалиятҳои ҷории авиатсияро дар минтақа ва дурнамои иқтисодиро барои солҳои наздик, «танзими оқилона» ва татбиқи он дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҷанбаҳои бехатарии парвозҳо, воридсозии аудити бехатарии истифодабарии IATA (IOSA)-ро ба танзими миллӣ, навигатсияи ба нишондиҳандаи иқтидорҳо асосёфта, таъмини устувори сӯзишворӣ, таҳлили пардохтҳои фурудгоҳӣ дар минтақа ва масъалаҳои дигарро муҳокима хоҳанд кард.

Тавре интизор меравад, дар кори мизи мудаввар роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» (Тоҷикистон), «Эйр Астана» (Қазоқистон), «SCAT» (Қазоқистон), «QAZAQ Air» (Қазоқистон), «Uzbekistan Airways» (Ӯзбекистон) ва «Авиа Траффик» (Қирғизистон) ширкат варзида, намояндагони Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ ба ҳайси нозирону коршиносон ҳузур хоханд дошт.

Ташаббускори мизи мудаввар ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» айни замон бомуваффақият парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия, Қазоқистон, ва Ӯзбекистон анҷом медиҳад. Парки ҳавопаймоии ширкат аз ҳавопаймоҳои навъи Боинг 737-300, 800 ва 900 иборат мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.