Муноқишаи дастаҷамонаи муҳоҷирон дар Санкт-Петербург

Дар ҷазираи Василевски шаҳри Санкт-Петербург байни муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ муноқишаву занозании дастҷамъона рух дод, хабар медиҳад нашрияи “Фонтанка”. “Чанде пеш шоҳидон рӯзона ба мақомоти пулис занг зада, дар бораи ҷангҷоли оммавӣ хабар доданд. Ба гуфтаи онҳо, яке аз муҳоҷирон аз табар истифода бурда, рақиби худро захмӣ кардааст”, – қайд мешавад дар маълумот. Гуфта мешавад, […]

Asia-Plus

Дар ҷазираи Василевски шаҳри Санкт-Петербург байни муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ муноқишаву занозании дастҷамъона рух дод, хабар медиҳад нашрияи “Фонтанка”.

“Чанде пеш шоҳидон рӯзона ба мақомоти пулис занг зада, дар бораи ҷангҷоли оммавӣ хабар доданд. Ба гуфтаи онҳо, яке аз муҳоҷирон аз табар истифода бурда, рақиби худро захмӣ кардааст”, – қайд мешавад дар маълумот.

Гуфта мешавад, як ҷабрдидаи 26-сола, зодаи кишвари Осиёи Марказӣ бо захм аз сараш дар бемористон бистарӣ шудааст. Ба гумони даст доштан дар расонидани осеби ҷисмонӣ кормандони пулис муҳоҷири 47-соларо боздошт намудаанд, ки ҳамдиёри ҷабрдида будааст.

Дар маълумоти нашрия аз кадом давлати минтақаи Осиёи Марказӣ будани шаҳрвандони дар муноқиаша иштирокдошта зикр намешавад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Конкретно.ру, дар бемористон шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон бистарӣ шудааст. “Саркардаи эҳтимолии занонзанӣ, ҳамдиёри 36-солаи ҷабрдида аз ҷониби пулис дастгир шуд. Гумонбари дуюм дар автомашинаи Kia Rio аз ҷойи ҳодиса ғайб зада, рақами давлатии автомашина сабт шудааст. Макони ҳузури гумонбаршуда муқаррар карда мешавад”, – қайд мекунад нашрия.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.