Истиқболи САҲА аз барқарории дастрасӣ ба бархе аз сомонаҳо дар Ӯзбекистон

Арлем Дезир, намояндаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) дар умури озодии расонаҳо аз бардоштани маҳдудияти дастрасӣ ба бархе сомонаҳои иттилоотӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар Ӯзбекистон истиқбол кард. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, маҳдудияти дастрасӣ ба сомонаҳои "Садои Амрико" Хадамоти ӯзбекиии ВВС, "Мавҷи Олмон", Eurasianet, сомонаҳои созмони ҳомии ҳуқуқи Amnesty International, "Хабарнигорони бидуни […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Арлем Дезир, намояндаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) дар умури озодии расонаҳо аз бардоштани маҳдудияти дастрасӣ ба бархе сомонаҳои иттилоотӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар Ӯзбекистон истиқбол кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, маҳдудияти дастрасӣ ба сомонаҳои "Садои Амрико" Хадамоти ӯзбекиии ВВС, "Мавҷи Олмон", Eurasianet, сомонаҳои созмони ҳомии ҳуқуқи Amnesty International, "Хабарнигорони бидуни марз" ва Human Rights Watch дар Ӯзбекистон ахиран бардошта шуд.

Дерзир гуфтааст, ки ин масъаларо бо мақомоти Ӯзбекистон баррасӣ кардааст. Вай ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки дар фурсатҳои наздик дастрасӣ ба сомонаи бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ низ фароҳам мешавад.

Гуфта мешавад, пештар аз ин Комил Алламҷонов, мудири оҷонсии иттилоот ва иртиботи оммавии назди президенти Ӯзбекистон дар бораи бардоштани маҳдудият хабар дода, изҳор дошта буд, ки "далелҳои мушкилоти дастрасӣ ба бархе аз сомонаҳои хориҷӣ" омӯхта шуда, "камбудиҳои техникӣ пайдо ва бартараф шуданд".

Ба иттилои расонаҳо, сомонаҳое, ки ахиран дастрасӣ ба онҳо фароҳам шуд, дар Ӯзбекистон аз соли 2005 ба ин тараф – баъди ҳаводиси Андиҷон – масдуд буданд. Дар бархӯрди мақомоти қудратӣ бо сокинон дар соли 2005 дар Андиҷон, ба иттилои расмӣ, 187 одам кушта шуд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, шумори воқеии кушташудаҳо ба маротиб бештар аст. Аммо дар ҳоли ҳозир дар Ӯзбекистон даҳҳо сомонаи дигар масдуд боқӣ мондааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.