Дар Афғонистон ровии шинохтаи телевизион кушта шуд

Мино Мангал, наттоқи шинохтаи телевизион ва корманди Вулуси Ҷирга ё порлумони Афғонистон кушта шуд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон, гуфтааст, ҳодиса 11 май дар ноҳияи ҳаштуми Кобул рух дод. Ҳеч шахс ё гуруҳе масъулияти қатли Миноро ба дӯш нагирифтааст. Мақомоти пулиси Афғонистон мегӯянд, наздиконаш дар ин […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Мино Мангал, наттоқи шинохтаи телевизион ва корманди Вулуси Ҷирга ё порлумони Афғонистон кушта шуд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон, гуфтааст, ҳодиса 11 май дар ноҳияи ҳаштуми Кобул рух дод. Ҳеч шахс ё гуруҳе масъулияти қатли Миноро ба дӯш нагирифтааст.

Мақомоти пулиси Афғонистон мегӯянд, наздиконаш дар ин ҳодиса аз шавҳари собиқи ӯ гумонбаранд. Сайидмуҳаммад Рӯшандил, фармондеҳи амнияти Кобул гуфт, “Мино ва шавҳараш вақте аз ҳам ҷудо шуданд, ҷанҷол ва хусумат доштаанд. Бино ба изҳороти падараш, телефонӣ таҳдид шуда буданд. Пулис дар ҷустуҷӯяш аст. Аз маҳалли ҳодиса фирор кардааст ва дастгир мешавад.”

Гуфта мешавад, Мино Мангал ду сол пеш арӯсӣ карда, баъди чанд моҳи зиндагии якҷоя аз ҳамсараш ҷудо шудааст. Замрай, холаи Мино Мангал, гуфтааст, хоҳарзодааш аз ин арӯсӣ розӣ набуд ва ин сабаб шуд, ки аз ҳамсараш ҷудо шавад. “Дар бораи чи гуна кушта шуданаш маълумоти дақиқ надорам. Вале хабар дорам, ки аз арӯсиаш хуш набуд”, — гуфт ӯ.

Мина Мангал, корманди Вулуси Ҷирга субҳи шанбе, замоне ки ба кор мерафт, дар наздикии хонааш бо зарби тир кушта шудааст. Вай як ҳафта пеш дар саҳифаи худ дар Фейсбук навиштааст, ки аз сӯи бархе таҳдид мешавад. Аммо аз касе ё гурӯҳе ном набурдааст.

Мино Мангал беш аз даҳ сол ба ҳайси наттоқ ва хабарнигори телевизионҳои “Тулӯъ” ва “Шамшод” кор кардааст. Вай дар саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ҳуқуқи занони Афғонистон ҳам баҳс мекард ва барои ба таҳсил фаро гирифтани духтарони афғон талош дошт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.