Дар Душанбе гимназияи ҳарбии “Курӯши Кабир” боз шуд

Date:

Президенти Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз, 28 май Гимназияи ҳарбии ба номи ворисони "Курӯши Кабир"-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро дар шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бинои Гимназия аз се корпуси дуошёна иборат буда, дар масоҳати 1360 метри мураббаъ қомат афрохтааст ва дорои синфхонаю китобхонаи барҳаво ва хобгоҳҳои замонавӣ мебошад.

Гуфта мешавад дар Гимназия ҳамасола то 100 нафар баъди хатми синфи 9 ба таълим фаро гирифта мешаванд ва бештари хонандагони ин даргоҳи илму маърифатро нафарони нимятим ва ятимони кулл ташкил медиҳад.

Омӯзиш дар ин гимназия асосан бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда шуда, ба таълиму тарбияи хонандагон 14 нафар омӯзгори ғайринизомӣ низ аз фанҳои гуногун дарс мегӯянд. Дар Гимназия ҳамчунин барои огоҳии бештар пайдо кардани хонандагон аз таърихи пурғановати миллати тоҷик ва фидокориҳои фарзандони фарзонаи Ватан дар роҳи ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва арзишҳои миллӣ, осорхона низ сохта шудааст.

Гимназияи ҳарбии ворисони "Курӯши Кабир"-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои синфхонаҳои лингафонӣ, омӯзиши забонҳои англисию хитойӣ, туркӣ ва русӣ буда, хонандагон имкон доранд, ки нозукиҳои ин забонҳои хориҷиро аз устодони ботаҷрибаи худ аз бар намоянд.

Таҳсил дар Гимназияи ҳарбӣ ду сол муайян гардида, хатмкунандагон имкон доранд, ки дар асоси шартномаи дутарафа дар самти омода намудани мутахассисони сарҳадӣ таҳсили минбаъдаро дар донишкадаҳои олии ҳарбии дохил ва хориҷ, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва дигар кишварҳо идома диҳанд. Барои таҳсилкунандагони аълохон дар ин гимназия дар самти интихоби кишвари оянда бо мақсади идома додани таҳсил имтиёзҳо низ пешбинӣ гардидааст.

Атрофи Гимназия бо ниҳолҳои ҳамешасабз ва гулу буттаҳои гуногун оро дода шуда, бо мақсади ҷалби хонандагон ба солимгардонӣ ва обу тоби бадан, майдончаи варзишӣ бо шароити хуб сохта шудааст. Дар назди гимназия ҳамчунин бо мақсади таъмини хонандагон бо маҳсулоти тару тоза гармхона бунёд карда шудааст, ки аз он ба таври васеъ истифода бурда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...