Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Маркази идоракунии сарҳади давлатӣ аз наздик шинос шуд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо  раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз Маркази идоракунии Сарҳади давлатии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боздид намуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, марказ пас аз навсозӣ ва маҷаҳҳазгардонӣ мавриди истифода қарор гирифта, бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ ва шарту шароити корӣ  таъмин гардидааст. Гуфта мешавад, […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо  раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз Маркази идоракунии Сарҳади давлатии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боздид намуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, марказ пас аз навсозӣ ва маҷаҳҳазгардонӣ мавриди истифода қарор гирифта, бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ ва шарту шароити корӣ  таъмин гардидааст.

Гуфта мешавад, Маркази идоракунии Сарҳади давлатӣ аз нуқтаи идоракунии фаврӣ, нуқтаи фармондиҳӣ, маркази алоқа, хобгоҳ, ҳуҷраи корӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, барои фаъолияти корӣ ва назорати хати марзи давлатӣ дар ин ҷо шароити муосиру техникаи насли нави корӣ фароҳам оварда шудааст.

Қобили зикр аст, ки ба таъсиси Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон 28 майи ҳамин сол 25 сол пур шуд.

Системаи идоракунии сарҳад аз воситаҳои мушоҳидавии рӯзона ва шабона, воситаҳои назорати ташкили муҳофизати сарҳад, системаи сабту банаворгирӣ иборат буда, имконият медиҳад, ки хати марзи давлатӣ ва сифатнок ба роҳ мондани хизмат дар сарҳад аз марказ ба тариқи мустақим идораву назорат карда шавад.

Ҳамчунин Маркази идоракунии сарҳадӣ дорои нуқтаи махсуси алоқа буда, барои қабул  ва фиристодани тамоми намуди ахбороти радиоӣ ва телефонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар марказ радиостансияҳо ба самтҳо тақсимбандӣ гардида, ҳар як самт дар шабакаҳои алоҳида фаъолият менамоянд.

Сарвари давлат ҳамчунин бо корбарии Нуқтаи фармондиҳии маркази мазкур  шинос шуда, мустақиман ҳисоботи роҳбарону намояндагони Қӯшунҳои сарҳадиро  аз дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат гӯш карданд.   Нуқтаи фармондиҳӣ бо техникаи муосири корӣ, воситаи махсуси алоқа ва хати баландшиддати интернет таъмин буда, бо истифода аз ин имконот метавон бо сарфаи вақт ҳолатҳои баамаломадаро аз марказ мустақиман  назорат ва ҳаллу фасл намуд. Иттилоъ дода шуд, ки ҳамчунин тамоми маълумоти ҷамъовардашуда хаттӣ ё дар шакли электронӣ ба Нуқтаи фармондиҳӣ барои коркарду қабули қарор ворид карда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.