РИА “Новости”: Шойгу барои гуфтушунид ба Тоҷикистон омад

Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу ба Душанбе ташриф оварда, имрӯз бо раҳбарияти Тоҷикистон дар мавриди таҷдиди Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ва фаъолияти пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон гуфтушунид мекунад, хабар додааст ба журналистон котиби матбуоти вазир Россияна Марковская. Дар ин бора РИА “Новости” хабар медиҳад. “Баррасии ин масъалаҳо имрӯз бо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо […]

Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу ба Душанбе ташриф оварда, имрӯз бо раҳбарияти Тоҷикистон дар мавриди таҷдиди Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ва фаъолияти пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон гуфтушунид мекунад, хабар додааст ба журналистон котиби матбуоти вазир Россияна Марковская. Дар ин бора РИА “Новости” хабар медиҳад.

“Баррасии ин масъалаҳо имрӯз бо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ба нақша гирифта шудааст”, – гуфтааст Марковская.

Зимнан зикр шудааст, ки дидору гуфтушуниди вазири мудофиаи Русия бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар назар аст.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни гуфтушунидҳо “масоили таҷдиди артиши Тоҷикистон, ҳамчунин масоили марбут ба фаъолияти пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон” баррасӣ мешаванд.

“Мавзӯъҳои асосии гуфтушунидҳо аз масоили муҷаҳҳаз сохтани пойгоҳи низомии Русия бо намунаҳои нави силоҳ, ҳамчунин таҷдиди артиши Тоҷикистон иборатанд”, – иброз доштааст Марковская.

Ёдрас мекунем, ки пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон аз иншооти бузургтарини низомӣ берун аз ҳудуди ин давлат ба шумор меравад, ки дар ду шаҳр – Душанбе ва Бохтар мустақар аст. Мувофиқи созишномаи моҳи октябри соли 2012 баимзорасида, муҳлати ҳузури пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистон то соли 2042 муқаррар шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.