Тоҷикистониён иди Рамазонро бо боронҳо пешвоз мегиранд

Date:

Рӯзҳои охирини моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон боронӣ мешаванд: мувофиқи пешгӯии обуҳавошиносон, аз 1 июн дар ҷумҳурӣ боронҳо оғоз гардида, то санаи 7 июн идома меёбанд.

Мувофиқи тақвими Шӯрои уламо, рӯзадорӣ санаи 4 июн ба итмом мерасад.

Дар ҳамин ҳол, санаи Ид алфитр ё Иди Рамазон, ки аз анҷоми моҳи шариф башорат медиҳад, алҳол муайян нашудааст. Шӯрои уламои ҷумҳурӣ санаи дақиқи идро рӯзи шанбе, 1 июн муайян мекунад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Маркази исломии Тоҷикистон.

“Санаи саҳеҳи Иди Рамазон танҳо пас аз мушоҳидаи пайдо шудани моҳи нав аз ҷониби уламо маълум мешавад”, – қайд кард манбаъ.

Дар кишварҳои гуногуни мусалмонӣ Иди Рамазон метавонад дар вақти гуногун фаро расад – ҳамааш ба тарзи ҳисобкунии астрономӣ ва мушоҳидаи мустақим ба марҳилаҳои тағйири Моҳтоб вобаста аст.

Ҳамин тариқ, масалан, кишварҳои Осиёи Марказӣ имсол Иди Рамазонро санаи 5 июн ҷашн мегиранд, мусалмонони Русия бошанд, 4 июн.

Дар минтақаи Шарқи Наздик Иди Рамазон санаи 6 июн таҷлил мегардад.

Қобили зикр аст, ки дар ҷаласаи Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи душанбеи 6-уми май оғози моҳи мубораки Рамазон эълон шуд. Аввалин намози таровеҳ шоми санаи 5 май баргузор шуд. Шаби Лайлат-ул Қадри моҳи Рамазони имсола ба шаби 31 май – 1 июн рост меояд.

Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ шуморида мешавад. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд. Моҳи Рамазон бо Ид алфитр ё Иди Рамазон ба анҷом мерасад, ки иди бузургу муҳими мусалмонон ба шумор меравад. Рӯза иборат аз худдорӣ намудан аз хӯрдан, ошомидан ва ҳамхобагӣ кардан аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб аст.

Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон аҷру савоби бузург ва подоши бешумор дорад. Паёмбари гиромӣ рӯзаи моҳи Рамазонро сипар ва нигаҳдорандаи соҳиби худ аз оташ номида, фармудааст, ки «рӯза доштан танҳо нахӯрдану наошомидан нест, балки парҳез аз суханҳои ношоиста ва корҳои зишт низ мебошад».

Рӯзадорӣ дар ин моҳи шариф яке аз панҷ рукнҳои ислом аст. Парҳезгорӣ қариб дар ҳамаи динҳо дунё вуҷуд дорад. Ҳадафи ин навъи ибодат дар дини ислом ҳарчи бештар наздикшавӣ ба Худо маънидод мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...