Тӯли 5 сол Русия ба Тоҷикистон ба маблағи 122 млн. доллар аслиҳа дод

Давоми 5 сол Русия ба Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба маблағи 122 млн. доллар аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ дод, хабар дод и.в. роҳбари ҳайати Русия дар гуфтушунидҳо оид ба масоили амнияти ҳарбӣ ва назорати силоҳ дар Вена Андрей Ворбев. Дар ин бора РИА Новости иттилоъ медиҳад. Бино ба маълумоти хабаргузорӣ, Тоҷикистон ба ҳайси яке аз кишварҳои […]

Давоми 5 сол Русия ба Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба маблағи 122 млн. доллар аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ дод, хабар дод и.в. роҳбари ҳайати Русия дар гуфтушунидҳо оид ба масоили амнияти ҳарбӣ ва назорати силоҳ дар Вена Андрей Ворбев. Дар ин бора РИА Новости иттилоъ медиҳад.

Бино ба маълумоти хабаргузорӣ, Тоҷикистон ба ҳайси яке аз кишварҳои муҳими минтақаи байни Русия ва Афғонистон баррасӣ мешавад, ки дар ростои фаъолнокии террористон боз ба нуқтаи доғи сайёра табдил меёбад. Ҳазорон чангиён аз Ироқу Сурия маҳз дар Афғонистон ҷамъ омадаанд, менависад хабаргузории Русия.

“Аз соли 2014 марҳилаи аввали барномаи навсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мавриди амалишавӣ қарор дошта, аз Русия ба Тоҷикистон номгӯи васеи чархболҳо, техникаи зиреҳпӯш, артиллерия, силоҳи оташфишон ва муҳимоти ҷангӣ дода мешавад. Аз ҳаҷми умумии пешбинишуда аллакай ба маблаги 122 млн. доллар амволу аслиҳа ва муҳимот дода шуд”, – гуфтааст Воробёв дар ҷаласаи форуми САҲА.

Ғайр аз ин, иброз доштааст ӯ, таҳсили 586 нафар хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон дар мактабҳои олии низомии Русия идома дорад.

“Ҳамзамон дар пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар ин кишвар корҳои омодагии то ҳазор нафар сарбозону афсарони хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар як сол бевосита дар қаламрави Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст”, – илова намудааст дипломат.

Сафари Шойгу ба Тоҷикистон чӣ ҳадафҳо дошт?

Санаи 28 май вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу бо сафари кӯтоҳмуддат ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид кард. Дар бораи ҳадафҳои сафар маълумот дода нашуд.

Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлати Тоҷикистон иттилоъ дод, зимн мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, вазъ ва дурнамои ҳамгироии кишварҳо дар ин соҳаҳоро баррасӣ карданд.

Зимнан зикр гардида буд, ки Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки рушди минбаъдаи маҷмуъи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Россия яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии давлати мо мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.