Даргузашти модари сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода

Шаби рӯзи сешанбе, 28 май Муҳаббат Охунова, модари сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар синни 90-солагӣ аз олам даргузашт. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, субҳи имрӯз ҷасади Муҳаббат Охунова дар оромгоҳи зодгоҳаш Хистеварз ба хок супурда шуд. Муҳаббат Охунова ахиран бемори бистарӣ буд. Ӯ омӯзгор буда, муддати тамоми фаъолияти кориаш дар […]

Шаби рӯзи сешанбе, 28 май Муҳаббат Охунова, модари сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар синни 90-солагӣ аз олам даргузашт.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, субҳи имрӯз ҷасади Муҳаббат Охунова дар оромгоҳи зодгоҳаш Хистеварз ба хок супурда шуд.

Муҳаббат Охунова ахиран бемори бистарӣ буд. Ӯ омӯзгор буда, муддати тамоми фаъолияти кориаш дар мактаби Хистеварз ба толибилмон дарс мегуфт.

Тибқи маълумоти ВАО, мувофиқи васияташ, ҷасади ӯ дар канори фарзанди дигараш Абдувалӣ Назиров, ки 4 сол пеш вафот карда буд, гӯронида шуд.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба пайвандону наздикони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор намуда, аз даргоҳи Худованд ба онҳо сабри ҷамил металабанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.