Огоҳии дубораи таксиронҳои Душанбе аз намои зоҳирии ягона

Мақомоти шаҳрдории Душанбе огоҳ мекунад, ки муҳлати ба намои зоҳирии ягона овардани нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ  дар пойтахт наздик мешавад. Дар сомонаи шаҳрдорӣ дар ин робита қайд шудааст, ки то 15 июн воситаҳои нақлиёти сабукрави таксӣ бояд бо намои зоҳирии ягонаи қабулгардида аз ҷониби мақомоти шаҳрдорӣ мутобиқ гардонида шаванд. “Дар сурати то муҳлати муайянгардида иҷро […]

Мақомоти шаҳрдории Душанбе огоҳ мекунад, ки муҳлати ба намои зоҳирии ягона овардани нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ  дар пойтахт наздик мешавад.

Дар сомонаи шаҳрдорӣ дар ин робита қайд шудааст, ки то 15 июн воситаҳои нақлиёти сабукрави таксӣ бояд бо намои зоҳирии ягонаи қабулгардида аз ҷониби мақомоти шаҳрдорӣ мутобиқ гардонида шаванд.

“Дар сурати то муҳлати муайянгардида иҷро накардани муқаррароти болозикр, нисбати ширкатҳои таксӣ ва ронандагони воситаҳои нақлиёт чораҳои дахлдор, то манъи фаъолияти онҳо андешида мешавад”, – омадааст дар маълумот.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аввалҳои моҳи январ дар бораи эълони ғолиби озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ оид ба таҳияи лоиҳаи намои зоҳирии воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ қарор ба имзо расонид.

Мувофиқи ин қарор, ранги қисмати болоии автомашинаи сабукрави таксӣ бояд зард ва қисмати поёниаш сафед бошад. Дар ду паҳлӯи автомашина нуқтаҳои сиёҳ ва навиштаҷоти “Душанбе” ҷойгир шуда, маълумот дар бораи ширкат бо рақами телефонҳои даъват бояд дар дарҳои пеш ва реклама дар дарҳои қафо зикр шавад.

Дар озмуни эълонкардаи мақомоти шаҳрдории пойтахт оид ба таҳияи лоиҳаи намои зоҳирии воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ лоиҳаи пешниҳоднамудаи Бадриддин Қурбонов, муаллими калони кафедраи нақшакашии муҳандисии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ғолиб дониста шуд. Ба ӯ 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим гардид.

Ширкати “Рахш такси” аз аввалин корхонаҳое шуд, ки ба ивази ранги автомашинаҳои сабукрави мусофиркашонии худ шурӯъ намуд. Бубинед, ки симои нави таксиҳои шаҳри Душанбе чӣ гуна хоҳад буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.