Нимпайкараи Шукурҷон Зуҳуров дар ҳудуди Донишгоҳи давлатии заминсозии Русия

Дар Маскав ба муносибати 240-солагии Донишгоҳи давлатии заминсозӣ дар як маросими ботантана Кӯи Номдорон ифтитоҳ ёфт. Бино ба иттилои Sputnik Тоҷикистон, дар Кӯи Номдорон нимпайкараҳои 12 донишманду профессор ва хатмкунандагони шинохтаи Донишгоҳи давлатии заминсозии Русия гузошта шудааст. Гуфта мешавад, миёни 12 донишманду профессор ва хатмкунандагони шинохтаи Донишгоҳи давлатии заминсозии Русия нимпайкараи Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси […]

Sputnik Тоҷикистон

Дар Маскав ба муносибати 240-солагии Донишгоҳи давлатии заминсозӣ дар як маросими ботантана Кӯи Номдорон ифтитоҳ ёфт.

Бино ба иттилои Sputnik Тоҷикистон, дар Кӯи Номдорон нимпайкараҳои 12 донишманду профессор ва хатмкунандагони шинохтаи Донишгоҳи давлатии заминсозии Русия гузошта шудааст.

Гуфта мешавад, миёни 12 донишманду профессор ва хатмкунандагони шинохтаи Донишгоҳи давлатии заминсозии Русия нимпайкараи Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷой гирифтааст.

"Мо беҳтарин хатмкунандагони ин донишгоҳро интихоб кардем. Инщо шахсоне ҳастанд, ки барои рушди кишвари худ саҳми арзанда гузоштанд. Ба назари мо Шукурҷон Зуҳуров яке аз беҳтарин хатмкунандагони тоҷикистонии донишгоҳи мо мебошад. Ӯ барои рушди кишвараш корҳои зиёде анҷом додааст", – таъкид кардааст Василий Нилиповский, ноиби ректор доир ба равобити байналмилалии донишгоҳ.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Сергей Волков, ректори Донишгоҳи давлатии заминсозӣ, ифтитоҳи Кӯи номдорон барои донишгоҳ як лаҳзаи таърихӣ мебошад.

Роҳбарияти Донишгоҳ барои интихоби беҳтаринҳо, ки нимпайкараҳояшон дар Кӯи номдорон гузошта шуданд, озмун эълон намуда буд. Дар озмуни мазкур донишҷӯёну, омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ фаъолона ширкат намуданд.

Тибқи натиҷаҳои овоздиҳии интернетӣ 12 нафар интихоб шуд. Миёни 12 нафаре, ки нимпайкараҳои онҳо дар Кӯи номдорони донишгоҳ гузошта шудааст, нимпайкараи Шукурҷон Зуҳуров низ ҷой гирифтааст.

Ёдрас мешавем, ки Шукурҷон Зуҳуров, соли 1976 Академияи идоракунии Русия ва Донишгоҳи муҳандисӣ – заминсозии шаҳри Москваро бо ихтисоси муҳандиси заминсоз хатм намудааст.

“Дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисос барои Тоҷикистон Русия яке аз давлатҳои калидӣ ба ҳисоб меравад. 27 ҳазор донишҷӯи тоҷикистонӣ дар мактабҳои олии Русия таҳсил мекунанд. Мутахассисоне, ки донишгоҳҳои Русияро чи дар замони Шӯравӣ ва чи дар замони баъд аз пош хӯрдани иттиҳоди Шӯравӣ таҳсил карданд, дар рушди Тоҷикистон саҳми арзандае гузоштанд. Имрӯз миёни нимпайкараҳои 12 ашхоси бонуфузе, ки ин донишгоҳро хатм карданд, нимпайкараи Шукурҷон Зуҳуров низ гузошта шудааст. Ин барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ боиси ифтихор аст” – гуфтааст сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов.

Инчунин, сафир илова кардааст, ки ин иқдом намунаи рушди дӯстӣ миёни Тоҷикистону Русия мебошад. 

“Ба назари ман гузоштани ин нимпайкара, ба як шахсияти сиёсии Тоҷикистон ин эҳтиром ба ҷумҳурии мост ва мо аз ин иқдом сипосгузорем”, – зикр намудааст ӯ.

Дар Кӯи Номдорон ҳамчунин нимпайкараҳои дигар чеҳраҳои шинохтаи донишгоҳ аз ҷумла вазири маорифи Русияи императорӣ Владимир Глазов, профессор Иван Герман, мутахассиси геодезия Иван Иверонов, донишмандони рус Алексей Маслов, Сергей Удачина, муовини раиси ҳукумати Русия, вазири кишоварзии Русия дар солҳои 1996-1998 Виктор Хлистун, донишманди Латвияи шӯравӣ Виктор Тимофеев, нахуствазири Муғулистон Жанлавин Нарантсатсралта, вазири замин ва захираҳои табии Чин Ма Кэвэй ва академик Юрий Неумивакин низ гузошта шудаанд.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.