Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон меояд

Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ дар доираи кори Нишасти панҷуми сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), ки санаи 14-15 июн дар шаҳри Душанбе доир мегардад, аз Тоҷикистон боздид мекунад. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, бо даъвати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ дар нишасти зикршуда дар Душанбе […]

Asia-Plus

Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ дар доираи кори Нишасти панҷуми сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), ки санаи 14-15 июн дар шаҳри Душанбе доир мегардад, аз Тоҷикистон боздид мекунад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, бо даъвати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ дар нишасти зикршуда дар Душанбе иштирок хоҳад кард.

Гуфта мешавад, дар шаҳри Теҳрон қаблан, рӯзи 1 июн мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири умури хориҷаи Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф баргузор гардида, ҷонибҳо дар анҷоми мулоқот “Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Эрон оид ба усул ва чаҳорчӯби ҳамкории дуҷониба дар соҳаи амният”-ро ба имзо расониданд.

Тарафҳо тибқи Ёддошти баимзорасида минбаъд вазифадор мешаванд, ки ҷиҳати таъмини амният ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар самтҳои пешгирӣ аз ғасби ҳокимият, таҳдидҳо бар зидди асосҳои сохтори конститутсионӣ, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва маблағгузории онҳо, пешгирии муомилоти ғайриқонунии силоҳ ва моддаҳои тарканда, мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ, хариду фурӯши одамон, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ, киберҷиноятҳо, пешгирии барасмиятдарории даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда, маблағгузории терроризм ва ифротгароӣ ҳамкорӣ карда, ба корҳои дохилии якдигар дахолат намекунанд.

Дар Ёддошт қайд шудааст, ки тарафҳо “аз фаъолияти ҳизбу созмонҳое, ки ҳамчун ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудаанд, пешгирӣ карда, аз ҳама гуна намуди дастгирӣ ва ҷонибдории онҳо худдорӣ намоянд”.

“Дар ин замина ҷониби Эрон таъкид намуд, ки дар қаламрави худ аз фаъолияти аъзо ва пайравони ҳизбу гуруҳҳои террористӣ ва ифротӣ, аз ҷумла ҳизби наҳзати ислом пешгирӣ хоҳад кард”, – омадааст дар маълумот.

Дар баробари ин, тарафҳо уҳдадор шуданд, ки ҳамкориро доир ба мубодилаи иттилоот оид ба самтҳое, ки дар боло зикр гардиданд, густариш бахшида, хамдигарро бо маводи илмию таълимӣ таъмин месозанд ва барои гузаронидани чорабиниҳои муштарак тадбир андешида, дар қаламрави давлатҳо таҳсили ғайриқонунии шаҳрвандонро пешгирӣ менамоянд, кумакҳои моддию техникӣ расонида, аз таҷрибаи якдигар истифода мекунанд.

Ҳамчунин тарафҳо таъкид доштаанд, ки расонаҳои ҳар ду ҷониб минбаъд ба нафъи ғояву ормонҳои миллии ҳар ду кишвар хидмат карда, дар тарғибу густариши бештари муносибатҳои дӯстона мусоидат хоҳанд намуд.

Ба сардӣ гароидани муносибатҳо

Қобили зикр аст, ки муносибатҳо байни Тоҷикистону Эрон соли 2016, пас аз раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабириро ба конфронси байнулмилалӣ даъват кардани Эрон ба сардӣ гароид. Фаъолияти ин ҳизб дар Тоҷикистон манъ ва раиси он мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст.

Ахиран сафирони ҳарду кишвар иваз шуданд. Низомиддин Зоҳидӣ санаи 10 апрели соли равон роҳбари намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Эрон таъин шуд. Аввали моҳи март дар сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон низ тағйирот сурат гирифта, вазифаи сафири Эрон дар Тоҷикистон ба дӯши Муҳаммадтақӣ Собирӣ вогузор шуд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки сафари президенти Эрон ба Тоҷикистон ба беҳбуди муносибатҳои байни давлатҳо мусоидат хоҳад кард.

Қаблан дар мавриди изҳори назар ба “Азия-Плюс” доир ба ин масъала коршиносон зикр карда буданд, ки ояндаи наздик муносибатҳо байни Тоҷикистону Эрон метавонанд рӯ ба беҳбудӣ оранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.