Президент бо сафари корӣ ба водии Рашт раҳсипор шуд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз бо сафари корӣ ба гурӯҳи ноҳияҳои Рашт раҳсипор гардида, дар ин ҷо дар тантанаҳои идона ба истиқболи 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъиноти гуногун иштирок ва  бо сокинон суҳбату вохӯриҳои судманд анҷом медиҳад. Чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 22-юмин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз бо сафари корӣ ба гурӯҳи ноҳияҳои Рашт раҳсипор гардида, дар ин ҷо дар тантанаҳои идона ба истиқболи 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъиноти гуногун иштирок ва  бо сокинон суҳбату вохӯриҳои судманд анҷом медиҳад.

Чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 22-юмин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ имсол дар ноҳияи Рашт баргузор мешаванд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, боздиди кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои водии Рашт аз ноҳияи Сангвор оғоз гардида, мардуми меҳнатқарини ин ноҳия Пешвои миллатро бо руҳияи болида ва ифтихори баланд аз ватану ватандории миллӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Гуфта мешавад, ноҳияи Сангвор дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ ва таваҷҷуҳу дастгириҳои рӯзафзуни Пешвои миллат рушд намуда, сокинонаш ба дастовардҳои зиёди меҳнатӣ дар тамоми соҳаҳо ноил гардидаанд.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола дар яке аз минтақаҳои кишвар бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, кормандони ҳукумат, аъзои парлумон, ходимони илму фарҳанги кишвар, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои байнулмилалии муқими Тоҷикистон ба муносибати солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ доир мегардад.

Соли гузашта чорабиниҳои асосии сатҳи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ санаи 27 июн дар шаҳри Конибодом баргузор шуданд.

Санаи 27 июни соли 1997 дар Маскав байни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ба ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон хотима бахшид.

Мувофиқи фармони президенти Тоҷикистон ва қонуни қабулшуда аз 22 майи соли 1998 ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ яке аз идҳои расман муқаррашуда дар Тоҷикистон мебошад. Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, ин сана – 27 июн дар ҷумҳурӣ рӯзи истироҳат эълон шудааст.

Ба муносибати ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ санаи 27 июн дар ҳамаи боғҳои фарҳангу истироҳати шаҳри Душанбе сайругаштҳои оммавии сокинону меҳмонони Душанбе доир гардида, ярмаркаҳои маҳсулоти хӯрокворӣ ташкил мешаванд. Шоми ҳамин рӯз дар тамоми боғҳои фарҳангу истироҳати шаҳр бо иштироки устодони саъати ҷумҳурӣ консертҳо баргузор мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.