Ҳалокати наврасро дар Душанбе милитсия худкушӣ унвон кард

Date:

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Душанбе ҳалокати наврас Фурқат Алимови 15-соларо, ки субҳи рӯзи 25 июн аз бинои 11-ошёна дар кӯчаи Аҳмади Дониш худро ба замин партофт, худкушӣ эътироф намуд.

Дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар ин робита хабар доданд, ки наврас даст ба худкушӣ задааст.

“Лекин айни замон масъалаи аз ҷониби касе то ба худкушӣ оварда расонидани наврас санҷида мешавад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Раёсати ВКД дар пойтахт.

Бино ба гуфтаи ӯ, чунин фарзияро муфаттишон аз эҳтимол дур медонанд, лекин ба ҳар ҳол таҳқиқ доранд.

Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 25 июн назди хонаи воқеъ дар кӯчаи Аҳмади Дониш дар пойтахт ҷасади навраси 15-сола Фурқат Алимов дарёфт шуд.

Наврас синфи ҳаштро хатм карда, имтиҳонро муваффақона супоридда буд ва ният дошт, ки барои истироҳат ба лагер меравад. Модараш бовар надорад, ки ӯ худкшӣ кардааст.

 

МЕДИА (YOUTUBE)

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...