Осияи аз ҷониби наврасон оташзадаро профессори аврупоӣ муоина кард

Зери назари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30 июн ҷиҳати муоинаи вазъи саломатии ноболиғ Осия Зулфоноваи 6-сола, сокини шаҳри Душанбе, ки санаи 19 июн бо ҷарохатхои вазнини аз сухтор ба беморхонаи №3-и пойтахт бистарӣ гашта буд, аз Олмон профессори шинохтаи тиб дар соҳаи ҷарроҳиҳои тармимӣ, пластикӣ, эстетикӣ ва бемориҳои сухта (Комбусталогия), ҳамзамон Президенти асотсиатсияи ҷарроҳони […]

Asia-Plus

Зери назари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30 июн ҷиҳати муоинаи вазъи саломатии ноболиғ Осия Зулфоноваи 6-сола, сокини шаҳри Душанбе, ки санаи 19 июн бо ҷарохатхои вазнини аз сухтор ба беморхонаи №3-и пойтахт бистарӣ гашта буд, аз Олмон профессори шинохтаи тиб дар соҳаи ҷарроҳиҳои тармимӣ, пластикӣ, эстетикӣ ва бемориҳои сухта (Комбусталогия), ҳамзамон Президенти асотсиатсияи ҷарроҳони тармимӣ ва пластикӣ дар Аврупо Эдгар Бимер ба Душанбе ташриф овард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, баъд аз муоина профессор Эдгар Бимер вазъи саломатии ҷабрдидаи ноболиғро муътадили вазнини миёна арзёбӣ кард.

Гуфта мешавад, Эдгар Бимер аз рӯи таърихи пешакӣ омӯхтаи бемории Осия Зулфонова бо худ тамоми дорувории зарурии беҳтаринро барои муолиҷаи ҷабрдида овардааст.

Профессор изҳор доштааст, ки дар якҷоягӣ бо табибони тоҷик муолиҷаро давом дода, барои ҳарчи тезтар барқарор намудани саломатии номбурда тамоми кӯшишу ғайраташро ба кор мебарад.

Ҳамзамон Эдгар Бимер изҳори омодагӣ кардааст, ки дар муоина ва табобати дигар беморони вазнини хурдсоли ин беморхона, ки ин шабу рӯз ба бемориҳои гуногуни сӯхтани бадан гирифтор шудаанд саҳми худро хоҳад гузошт.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.