Дастгирии Тоҷикистон бо воситаи инноватсионии ФАО дар мушкилоти устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ

Устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ яке аз хатарҳои ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ҳангоме ки микроорганизм ба доруҳо устувор мегардад, имконияти табобати беморӣ коҳиш меёбад. Устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ ба саломатии инсон, набототу ҳайвонот таҳдид мекунад ва ба истеҳсоли озуқаворӣ ва таъмини воситаҳои зиндагии оила зарар мерасонад. Бо мақсади кӯмак расондан ба кишварҳо дар ҳалли […]

Иттилоияи расмӣ

Устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ яке аз хатарҳои ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ҳангоме ки микроорганизм ба доруҳо устувор мегардад, имконияти табобати беморӣ коҳиш меёбад. Устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ ба саломатии инсон, набототу ҳайвонот таҳдид мекунад ва ба истеҳсоли озуқаворӣ ва таъмини воситаҳои зиндагии оила зарар мерасонад.

Бо мақсади кӯмак расондан ба кишварҳо дар ҳалли мушкилоти устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ ФАО Методикаи ботадриҷи идоракуниро барои устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ омода кардаааст. Ин воситаи худбаҳодиҳии амалӣ дар таҳия ва амалигардонии нақшаи миллии бисёрсоҳаи “Саломатии ягона” барои кишварҳо ҳамчун як дастур пешкашмешавад. Воситаи мазкур дар марҳилаи санҷиш мебошад ва дар кишварҳои Белгия ва Гана санҷида шудааст.

Дар давоми семинари серӯза, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе оғоз меёбад, Тоҷикистон нахустин кишвар дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ мегардад, ки дар он санҷиши методикаи мазкур гузаронида мешавад. Нақшаи миллии амалҳо оид ба мубориза бо устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ дар соли 2018 аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ ва Кумитаи бехатарии озуқаворӣ таҳия гардида буд.

Дар рафти семинар, гурӯҳи корӣ иборат аз коршиносони ФАО ва намояндагони ҳукумат, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ воситаи мазкурро санҷида, раванди татбиқгардонии нақшаи миллии амалҳои Тоҷикистонро арзёбӣ хоҳанд кард. Натиҷаҳо, мушкилот ва ҳалли имконпазир барои идоракунии устуворӣ бар зидди доруҳои зиддимикробӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони бахшҳои гуногун, аз ҷумла саломатии инсон ва ҳайвоноту наботот, мӯҳити зист муайян гардида, мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

“Ин семинар зарурати саъю кӯшишҳои ҷиддӣ ва ҳамоҳангшударо барои бартараф кардани мушкилоти устуворӣ ба доруҳои зиддимикробиро эътироф мекунад, – гуфт Олег Гучгелдиев, Намояндаи ФАО дар Тоҷикистон. – Мо мақсад дорем дар дохили кишвар ҳунару малакаҳои касбиро рушд диҳем, таҷрибаҳои беҳтаринро барои ҳар як соҳа таъсис диҳем, ва барои дарк намудани хатари устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ ва зарурияти тағйироти рафторро ба ҳар як нафар кӯмак расонем. Бо ин раванд имконияти тақвият додани системаҳои озуқавории устувор ва таҷрибаҳои кишоварзӣ, ки сатҳи хатари устуворӣ ба доруҳои зиддимикробиро коҳиш медиҳанд ва истифодаи нодурусти антибиотикҳоро пешгирӣ мекунанд, ба вуҷуд меояд.”

 Бо эътироф намудан, ки саломатииинсон, ҳайвоноту наботот ва мӯҳити зист бо якдигар пайвастагии зич доранд, Методикаи идоракунии ботадриҷ барои устувории доруҳои зиддимикробӣ дар идоракунии устувории доруҳои зиддимикробӣ усули ҳамоҳанг кардашуда бисёрсоҳаи “Саломатии ягона”-ро пешбарӣ мекунад. “Саломатии ягона” таъкид менамояд, ки ягон бахш дар танҳоӣ мушкилоти устуворӣ ба доруҳои зиддимикробиро ҳал карда наметавонад, ҳалли онро метавон дар ҳамкории зичи байни соҳаи тандурустӣ, байторӣ, кишоварзӣ ва инчунин дигар соҳаҳо дарёфт хоҳад кард.

“Бо дарназардошти аҳолии афзоянда, афзоиши истеъмоли маҳсулоти чорводорӣ, воридоту содироти маҳсулоти озуқаворӣ, усулҳои истеҳсолот бояд тағйир ёбанд,” – гуфт Гучгелдиев. -Ин боз ҳам системаҳои самараноктари пешгирӣ кардани беморӣ ва назоратро талаб мекунад.”

Ташаббуси мазкур аз ҷониби лоиҳаи минтақавии ФАО дастгирӣ карда шуда, аз тарафи Федератсияи Русия маблағгузорӣ мегардад, ки барои коҳиш додани устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ дар озуқаворӣ ва соҳаи кишоварзӣ равона карда шудааст. Илова ба Тоҷикистон лоиҳа барои ҳалли мушкилоти устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ дар Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон амалӣ мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.