Пурсиши пайрави кадом дин будан дар саршумории аҳолӣ

Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон имрӯз аз лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба қонун “Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ” ҷонибдорӣ намуд, ки мувофиқи он, дар ҷараёни барӯйхатгирии аҳолӣ ҳукуматдорони кишвар шумори пайравони динҳои гуногунро дар Тоҷикистон дақиқ мекунанд. Дар парлумон таъкид доштанд, ки беш аз 90%-и аҳолии Тоҷикистон мусулмононанд, лекин ҳадаф аз тағйироту иловаҳо муайян кардани шумори дақиқи пайравони […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон имрӯз аз лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба қонун “Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ” ҷонибдорӣ намуд, ки мувофиқи он, дар ҷараёни барӯйхатгирии аҳолӣ ҳукуматдорони кишвар шумори пайравони динҳои гуногунро дар Тоҷикистон дақиқ мекунанд.

Дар парлумон таъкид доштанд, ки беш аз 90%-и аҳолии Тоҷикистон мусулмононанд, лекин ҳадаф аз тағйироту иловаҳо муайян кардани шумори дақиқи пайравони дини ислому масеҳӣ ва дигар мазҳаб, ҳамчунин бединон (атеистҳо) аст.

Ба ақидаи яке аз муаллифони тағйироту иловаҳо, вакили палатаи поёнии парлумон Абдуҳалим Ғаффоров, ба мақомоти давлатӣ чунин маълумот барои донистани пайрави кадом дин будани шаҳрвандон ва ҳамчунин ба созмонҳои байнулмилалии ҳамкор бо ҳукумати Тоҷикистон зарур аст.

Дар маъраакаи барӯйхатгирии аҳолӣ дар Тоҷикистон бори нахуст чунин савол садо медиҳад.

Дар аксари кишварҳои ҷаҳон зимни маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ саволҳо дар бораи мансубият ба дину мазҳаб вуҷуд надоранд ё ҳатмӣ нестанд. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Зафар Файзуллозода, дар 86 кишвари дунё ҳангоми баргузор намудани маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ҳукуматдорон шумори пайравони динҳои мухталифро низ муайян месозанд.

Хотиррасон мекунем, ки маъракаи навбатии барӯйхатгирии аҳолӣ дар Тоҷикистон соли 2020 баргузор мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.