Тасдиқи номгӯи ҷиноятҳои марбут ба хариду фурӯши одамон

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон номгӯи ҷиноятҳои марбут ба хариду фурӯши одамон тасдиқ шуд. Қарор аз 2 июли соли равон қабул шудааст. Дар ин санад ба Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дастур дода мешавад, ки бақайдгирии ягонаи ҷиноятҳои вобаста ба хариду фурӯши одамонро мутобиқи ҳамин номгӯй ба роҳ монад. Зикр мегардад, ки номгӯй мувофиқи моддаи 6 қонуни […]

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон номгӯи ҷиноятҳои марбут ба хариду фурӯши одамон тасдиқ шуд. Қарор аз 2 июли соли равон қабул шудааст.

Дар ин санад ба Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дастур дода мешавад, ки бақайдгирии ягонаи ҷиноятҳои вобаста ба хариду фурӯши одамонро мутобиқи ҳамин номгӯй ба роҳ монад.

Зикр мегардад, ки номгӯй мувофиқи моддаи 6 қонуни ҶТ “«Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва кумак ба қурбониёни савдои одамон»” тартиб дода шудааст.

Номгӯи ҷиноятҳои марбут ба хариду фурӯши одамон

Ба ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон амалҳои ғайриқонуние дар назар дошта шудааст, ки дар моддаҳои зерини Кодекси ҷиноятии ҶТ пешбинӣ мешавад:

– одамрабоӣ (бандҳои "б" ва "в", қисми 3, моддаи 130);

– хариду фурӯши одамон (моддаи 130(1);

– ғайриқонунӣ маҳрум кардан  аз озодӣ (банди "б", қисми 3, моддаи 131);

– хариду фурӯши ноболиғон (моддаи 167);

– истифодаи ноболиғ бо мақсади тайёр кардани мавод ё ё предметҳои порнографӣ (моддаи 241(2);

– Ғайриқонунӣ гузаштан аз  Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми 3, моддаи 335);

– ташкили воридшавии ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ташкили гузариши транзитии ғайриқонунӣ ба воситаи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми 3, моддаит 335(1);

– Ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ (моддаи 335(2);

– Тасарруф ё вайрон кардани ҳуҷҷат,  штамп, муҳр (қисми 3, моддаи 339);

– Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ,  штамп, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ (қисми 3, моддаи 340).

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.