Дастури Убайдуллоев оид ба муайян кардани шумори маркази ноҳияҳои дар деҳаҳо ҷойгиршуда

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи рӯзи 10 июли Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба кумитаи марбутаи палатаи поёнии парлумон дастур дода шуд, ки шумори маркази ноҳияҳоеро, ки дар деҳаҳо ҷойигиранд, муайян намоянд. Дар ҷаласаи Шӯро пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ба деҳаи Ховалинг дар маркази ноҳияи ҳамном додани мақоми шаҳрак баррасӣ шуд, хабар дод ба […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи рӯзи 10 июли Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба кумитаи марбутаи палатаи поёнии парлумон дастур дода шуд, ки шумори маркази ноҳияҳоеро, ки дар деҳаҳо ҷойигиранд, муайян намоянд.

Дар ҷаласаи Шӯро пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ба деҳаи Ховалинг дар маркази ноҳияи ҳамном додани мақоми шаҳрак баррасӣ шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” ёвари раиси Маҷлиси миллӣ Наврӯз Қурбонзода.

Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамчунин супориш додааст, ки пас аз ҳисобу китоби дақиқи шумори маркази ноҳияҳои воқеъ дар деҳаҳо, лоиҳаи қарори дахлдори Маҷлиси миллӣ оид ба ин масъала омода шавад.

Дар палатаи болоии парлумон ба “Азия-Плюс” дар мавриди ин масъала изҳор намуданд, ки тайи солҳои охир дар деҳаи Ховалинг корҳои назаррасии ободонӣ ба сомон расонида шуда, дар он ҷо биноҳои муосири таъиноти иҷтимомӣ ва фарҳангӣ, боғи фарҳангу истироҳат ва дигар биноҳои нави маъмурӣ қомат афрохтанд ва аз ин рӯ, тасмим гирифта шуд, ки ба деҳа мақгоми шаҳрак дода шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.