Омодагирии Душанбе ба вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков дар Исфара

Бо вуҷуди рух додани муноқишаи навбатӣ рӯзи 22 июл дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара байни шаҳрвандони ҳарду кишвар, ки дар натиҷа як шаҳрванди Тоҷикистон ҳалоку чандин нафар захмӣ шуданд, Душанбеи расмӣ ба корҳои омодагӣ ба вохӯрии санаи 26 июл таъиншудаи сарони Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара идома медиҳад. Дар бораи ба санаи дигар гузаронидан ё бекор […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бо вуҷуди рух додани муноқишаи навбатӣ рӯзи 22 июл дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара байни шаҳрвандони ҳарду кишвар, ки дар натиҷа як шаҳрванди Тоҷикистон ҳалоку чандин нафар захмӣ шуданд, Душанбеи расмӣ ба корҳои омодагӣ ба вохӯрии санаи 26 июл таъиншудаи сарони Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара идома медиҳад.

Дар бораи ба санаи дигар гузаронидан ё бекор кардани вохӯрии сарони кишварҳо масъалагузорӣ нашудааст, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки сарони кишварҳо бо вазъ дар маҳали мазкури сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон шинос мешаванд.

Қаблан зикр шуда буд, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 26 июл аз Исфара боздид намуда, бо президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дидору гуфтушунид ва масъалаи таъйин ва аломатгузориро дар хати сарҳади кишварҳо баррасӣ мекунанд.

Дар идома дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара вохӯрии сарони кишварҳо бо сокинони деҳаҳои наздимарзӣ пешбинӣ мешавад.

Айни замон кормандони сохторҳои қудратӣ ва раҳбарияти нерӯҳои сарҳадбонии Тоҷикистону Қирғизистон дар Ворух қарор дошта, вазъро дар маҳал зери назорат гирифтаанд. Лекин роҳи Ворух – Исфара баста боқӣ мемонад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.