Хуҷанд: корхонаҳои фаъолияташон қатъшуда корашонро барқарор карданд

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ аз 27 корхонаҳои истеҳсолии шаҳри Хуҷанд, ки фаъолияташон қатъ шуда буд, 10-тоаш дубора фаъолияти худро барқарор намуданд, хабар дод ба журналистон раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода. Айни замон ба сурати умум дар шаҳр 162 адад корхонаҳои истеҳсолии хурду миёна фаъолият доранд. Нимаи аввали сол корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи умумии 589 […]

Баҳром Файзуллоев, махсус барои Asia-Plus

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ аз 27 корхонаҳои истеҳсолии шаҳри Хуҷанд, ки фаъолияташон қатъ шуда буд, 10-тоаш дубора фаъолияти худро барқарор намуданд, хабар дод ба журналистон раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода.

Айни замон ба сурати умум дар шаҳр 162 адад корхонаҳои истеҳсолии хурду миёна фаъолият доранд.

Нимаи аввали сол корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи умумии 589 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50,7 млн. сомонӣ ё худ ба андозаи 9,4% зиёдтар аст, қайд кард раиси шаҳр.

Аз ҷониби 11 корхонаи саноатии шаҳр ба кишварҳои хориҷи дуру наздик ба маблағи 93,3 млн. сомонӣ маҳсулот содирот шудааст. Дар 13 корхонаи навтаъсисёфта 164 ҷойи корӣ ва нимаи аввали сол дар маҷмӯъ беш аз 900 ҷойҳои нави корӣ таъси дода шудааст.

“Мутаассифона, ҳарчанд шумори корхонаҳои аз фаъолият бозмонда то 17 адад кам шуда бошад ҳам, шумори онҳо то ҳол зиёд боқӣ мемонад, – таъкид дошт Маъруф Муҳаммадзода. – Ду корхонаи ба хориҷиён тааллуқдошта фаъолияти худро қатъ намуданд. Се корхона самти фаъолияти худро тағйир доданд. Дигар корхонаҳо ба рақобат тоб наоварда, маҷбур шуданд, ки корашонро қатъ кунанд”.

Ба қавли раиси шаҳри Хуҷанд, се адад аз ин корхонаҳо аз рӯйхати маълумоти оморӣ хориҷ шудаанд, зеро барқарор кардани фаъолияти онҳо ғайриимкон аст.

Қобили зикр аст, ки корхонаи нисбатан бузурги “Лаъл” низ дар шумори корхонаҳои аз фаъолият бозмонда қарор дошта, айни замон корашро дубора барқарор намуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?