Боздошти ду корманди милитсия барои куштор дар клуби шабонаи VIP дар Душанбе

Ду корманди ШВКД ноҳияи Сино дар робита ба ҳодиса куштор нимаи моҳи июл дар клуби шабона боздошт шудаанд. Дар ВКД ин маълумотро тасдиқ намуда, лекин аз ифшои ҷузъиёт худдорӣ карданд. “Алиҷон Азиззода ва Алишер Сафиев дар робита ба куштор дар клуби шабона боздошт шуданд, лекин мо намедонем, ки онҳо дар куштор чӣ даст доранд, шояд […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Ду корманди ШВКД ноҳияи Сино дар робита ба ҳодиса куштор нимаи моҳи июл дар клуби шабона боздошт шудаанд. Дар ВКД ин маълумотро тасдиқ намуда, лекин аз ифшои ҷузъиёт худдорӣ карданд.

“Алиҷон Азиззода ва Алишер Сафиев дар робита ба куштор дар клуби шабона боздошт шуданд, лекин мо намедонем, ки онҳо дар куштор чӣ даст доранд, шояд шоҳиди ҳодиса буданд. Парвандаи ҷиноятиро прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ тафтиш мекунад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии ВКД Умарҷони Эмомалӣ.

Дар мақомоти прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе маълумотро дар бораи оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати кормандони милитсия тасдиқ намуда, лекин ин ҷо низ аз ифшои ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ варзиданд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти газетаи «Имруз News», ин ду масъули ШВКД ноҳияи Сино ба куштори Ҳаитов Фазлиддин Қурбоналиевич, соли таваллудаш 08.06.1986, сокини ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон, гумонбар дониста мешаванд, ки шаби 13 ба 14 июли соли равон дар клуби шабонаи “VIP” рӯй дод. Нисбати онҳо тибқи моддаи 104, қисми 2 (Куштор) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Нашрия менависад, ин ду масъули ШВКД ноҳияи Сино дар ҳоле боздошт шуданд, ки қасди тарки қаламрави Тоҷикистонро доштанд. Онҳоро дар асоси баёноти гумонбари дигар – Алиматов Акмал Оибхоҷаевич, ҳафтаи гузашта дар роҳи сафар ба Ӯзбекистон дастгир кардаанд.

Гуфта мешавад, Акмал Алиматов ихтиёрӣ ба прокуратураи ноҳияи Сомонӣ омада, нисбати кормандони милитсия баёнот додааст.

“Алиматов худро дар одамкушӣ гунаҳкор намедонад. Ӯ муқобили кормандони милитсияи ноҳияи Сино баёнот дод. Тафтишот нишон хоҳад дод, ки гуфтаҳои ӯ то куҷо ҳақиқат доранд”, – хабар додааст манбаи нашрия дар прокуратураи ноҳияи Сомонӣ.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.