Нигаронии Рустами Эмомалӣ аз вазъи муассисаҳои таълимии навбунёд

Бо амри раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ комиссия таъсис дода шуд, ки минбаъд вазъи муассисаҳои таълимии навбунёдро мавриди санҷиш қарор медиҳад. Раиси пойтахт аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки дар баъзе аз мактабҳои таҳсилоти умумӣ, ки ҳанӯз чанде қабл ба истифода дода буданд, қисмате аз мебел корношоям шуда, баъзе синфу озмоишгоҳҳову аллакай ба таъмир ниёз […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бо амри раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ комиссия таъсис дода шуд, ки минбаъд вазъи муассисаҳои таълимии навбунёдро мавриди санҷиш қарор медиҳад.

Раиси пойтахт аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки дар баъзе аз мактабҳои таҳсилоти умумӣ, ки ҳанӯз чанде қабл ба истифода дода буданд, қисмате аз мебел корношоям шуда, баъзе синфу озмоишгоҳҳову аллакай ба таъмир ниёз доранд ва қаламрави гирду атрофи мактабҳо дар ҳолати беназоратӣ ва харобӣ қарор дорад.

Бо амри Рустами Эмомалӣ, оид ба санҷиши истифодабарии вазъи муассисаҳои таълимии навбунёди шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини аввали раиси пойтахт Комиссияи доимӣ таъсис дода мешавад.

“Комиссия вазифадор карда шавад, ки ҳар шаш моҳ баъд аз ба истифода додани иншооти нави соҳаи маориф санҷиши ҳолати воқеии онро ба роҳ монда, аз натиҷааш ба унвонии Раиси шаҳри Душанбе ахборот пешниҳод намояд”, – омадааст дар амр.

Аз рӯи натиҷаҳои санҷиши комиссия нисбати мудирони мактабҳои шаҳр чораҳо – то аз мансаб сабукдӯш шудан андешида мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.