Дастури раиси пойтахт ҷиҳати ба тамошои боғу осорхонаҳо бурдани ятимону бепарасторон

Ташкили тамошо ва сайругашти ятимону бепарасторон дар осорхонаву боғҳои шаҳри Душанбе ба муносибати ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сурат мегиранд. Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, Нақшаи чорабиниҳои мақомоти шаҳрдории пойтахт оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки моҳи сентябр таҷлил мегардад, тасдиқ шуд. Ба ифтихори ҷашн мақомоти шаҳрдории […]

Аваз Юлдошев

Ташкили тамошо ва сайругашти ятимону бепарасторон дар осорхонаву боғҳои шаҳри Душанбе ба муносибати ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сурат мегиранд.

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, Нақшаи чорабиниҳои мақомоти шаҳрдории пойтахт оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки моҳи сентябр таҷлил мегардад, тасдиқ шуд.

Ба ифтихори ҷашн мақомоти шаҳрдории Душанбе чорабиниҳои варзишӣ, шанбегии умумишаҳрӣ, озмуну викторинаҳои гуногун роҳандозӣ мекунад.

Чорабинии асосии ҷашнӣ шоми рӯзи 9 сентябр дар маҷмааи “Наврӯзгоҳ” доир гардида, дар доираи он бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар намоишномаи театришуда барпо мегардад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар дод, ба ифтихори ҷашн дар ҳамаи ноҳияҳои пойтахт ва боғҳои фарҳангу истироҳати шаҳр чорабиниҳои идона баргузор мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, ба муносибати ҷашн дар шаҳри Душанбе даҳҳо иншооти гуногуни таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Зимнан зикр шуд, ки ба ифтихори ҷашн имсол баргузор намудани гузашти низомӣ ба нақша гирифта нашудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.