Чин дар ноҳияҳои Хатлон 7 маркази ташхисию табобатӣ месозад

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо намояндаи Ширкати “Neusoft Medical Corporation”- и Ҷумҳурии халқии Чин Дан Зан ва ҳамроҳонаш дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон, дар вохӯрӣ дурнамои ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қайд карда шуд, ки дар доираи ёддошти тафоҳуме, ки байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон […]

Asia-Plus

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо намояндаи Ширкати “Neusoft Medical Corporation”- и Ҷумҳурии халқии Чин Дан Зан ва ҳамроҳонаш дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон, дар вохӯрӣ дурнамои ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қайд карда шуд, ки дар доираи ёддошти тафоҳуме, ки байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Ширкати мазкур амал менамояд, дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Восеъ, Фархор, Шаҳритуз ва Ҷ. Балхӣ марказҳои ташхисию табобатӣ мавриди истифода қарор гирифта, бо муосиртарин дастгоҳҳо муҷҷаҳаз ва ба ин марказҳо мутахассисони соҳибтахассус ҷалб мегарданд.

Гуфта мешавад, намояндаи Ширкати “Neusoft Medical Corporation”- и Ҷумҳурии халқии Чин Дан Зан зимни баромади худ барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва дастгирии ҳамешагӣ изҳори сипос намуда, қайд намуд, ки омодаанд ин марказҳоро дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба роҳ монанд. Ва барои таъмин намудани марказҳои ташхисию табобатӣ мутахассисони маҳалиро омода созанд.

Сипас, раиси вилоят Ҳакимзода Қурбон ҷиҳати ҳамкориҳои бештар изҳори умедворӣ намуда, иброз намуд, ки дар баробари фаъолияти хуби ширкати мазкур мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон омодааст дар шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати ҷудо намудани маконҳои муносиб барои сохта ва ба истифода додани марказҳои ташхисию табобатӣ мусоидат намояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.