Парвози ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба Эрон барқарор шуд

Ширкати ҳавопаймоии Tajik Air анҷоми парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Эрон ва бозгашт аз он барқарор намуд. Парвозҳо бо хатсайри Душанбе – Машҳад – Душанбе ду маротиба дар як ҳафта – рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа сурат мегиранд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ширкати ҳавопаймоӣ. “Дирӯз баъди таваққуфи қариб яксола мо парвози нахустинро тариқи хатсайри Душанбе – […]

Ширкати ҳавопаймоии Tajik Air анҷоми парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Эрон ва бозгашт аз он барқарор намуд. Парвозҳо бо хатсайри Душанбе – Машҳад – Душанбе ду маротиба дар як ҳафта – рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа сурат мегиранд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ширкати ҳавопаймоӣ.

“Дирӯз баъди таваққуфи қариб яксола мо парвози нахустинро тариқи хатсайри Душанбе – Машҳад – Душанбе анҷом додем. Парвозҳо бо ин хатсайр то 26 октябри соли 2019 ба нақша гирифта шудааст. Парвозҳо ду маротиба дар як ҳафта – рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа дар ҳавопаймоҳои тамғаи «Боинг-767» иҷро карда мешаванд, – хабар доданд аз ширкати ҳавопаймоӣ.

Ёдрас мекунем, ки парвозҳо байни Тоҷикистону Эрон аввали моҳи июн пас аз таваққуфи қариб яксола барқарор шуданд. Санаи 6 июн ширкати ҳавопаймоии эронии Varesh Airlines аввалин парвозро тариқи хатсайри Машҳад – Душанбе – Машҳад ба иҷро расонид. Ба иттилои сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон, парвози ҳавопаймоҳои Varesh Airlines бо ин хатсайр ҳафтае як маротиба – рӯзи панҷшанбе сурат мегиранд.

Парвозҳои мунтазамро бо хатсайри Машҳад – Душанбе – Машҳад пеш аз ин ширкати ҳавопаймоии эронии Aseman Airlines иҷро мекард. Охири моҳи сентябри соли 2018 бо ташаббуси ҷониби Эрон парвозҳо қатъ шуданд. Аз ҷониби Тоҷикистон парвозҳоро ба Эрон ширкати Tajik Air анҷом медод, ки низ бар асари мушкили молиявӣ парвозҳоро қатъ намуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.