Анҷоми тамринҳои муштараки ҳарбии Тоҷикистону Чин дар ВМКБ

Ҷараёни баргузории тамринҳоро, ки имрӯз дар машқгоҳи “Ҷелондӣ” лар ВМКБ анҷом меёбанд, вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо ва мансабдорони воломақом аз Ситоди куллии Артиши халқии озодихоҳи Чин  назорат хоҳанд кард. Сарбозону афсарони артишҳо дар машқҳо амалҳои муштаракро оид ба рафъи таҳдиду хатарҳои терроризм мавриди омӯзишу амал қарор доданд. Дар рафти тамринҳо авиатсия, танку артиллерия, […]

Ҷараёни баргузории тамринҳоро, ки имрӯз дар машқгоҳи “Ҷелондӣ” лар ВМКБ анҷом меёбанд, вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо ва мансабдорони воломақом аз Ситоди куллии Артиши халқии озодихоҳи Чин  назорат хоҳанд кард.

Сарбозону афсарони артишҳо дар машқҳо амалҳои муштаракро оид ба рафъи таҳдиду хатарҳои терроризм мавриди омӯзишу амал қарор доданд.

Дар рафти тамринҳо авиатсия, танку артиллерия, ҳамчунин қисмҳои низомии тирандоз сафарбар шуданд.

Ҳадаф аз баргузории машқҳо омӯзишу дар таҷриба санҷидани амалҳои муштараки воҳидҳои ҳарбии Тоҷикистону Чин оид ба аз байн бурдани гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро, тарҳрезии чунин чорабиниҳо дар сурати пайдо шудани хатари терроризм, ба ҳадди ниҳоии камтарин расонидани оқибатҳои манфии он мебошад, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Ориф Нозимиён.

“Рӯзи 14 август имконоту амалҳои худро дар машқгоҳи “Ҷелондӣ” авиатсия, танку мошинҳои зиреҳпӯш, дастгоҳҳои артиллерӣ, муҳимоти низомии дигари махсус ва техникаи гуногун месанҷанд”, – қайд кард котиби матбуотии Вазорат.

Аз рӯи натиҷаҳои тамринҳо сарбозону афсарони бештар кӯшишу талош зоҳирнамуда дар он бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Қобили зикр аст, ки ба ин монанд тамринҳои низомиёни ду кишвар моҳи октябри соли 2016 низ дар ВМКБ баргузор шуда буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.