Сокини Суғд барои сарашро аз тан ҷудо кардани ҳамсараш ба 20 соли зиндон маҳкум шуд

Сокини ноҳияи Деваштич барои бераҳмона куштани ҳамсараш, ки назди ду фарзанди ноболиғаш сари ӯро аз танаш ҷудо карда буд,  ба 20 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳайати мушовара (коллегия) оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Суғд баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати сокини 35-солаи ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Деваштич Ғайрат Ҳидоятовро ба итмом расонид, хабар доданд аз суди вилояти […]

Сокини ноҳияи Деваштич барои бераҳмона куштани ҳамсараш, ки назди ду фарзанди ноболиғаш сари ӯро аз танаш ҷудо карда буд,  ба 20 соли зиндон маҳкум шуд.

Ҳайати мушовара (коллегия) оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Суғд баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати сокини 35-солаи ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Деваштич Ғайрат Ҳидоятовро ба итмом расонид, хабар доданд аз суди вилояти Суғд.

Суд Ҳидоятовро дар содир намудани ҷинояти пешбинишуда дар моддаи 104, қисми 2, банди “Е” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Одамкушӣ бо бераҳмии махсус) айбдор дониста, ӯро ба муҳлати 20 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳодисаи фоҷеабор санаи 19 марти соли равон рух додааст. Зимни муноқишаи бамиёномада бо ҳамсари 34-солааш Манзура Ашӯрова маҳкумшуда бо кӯза ба сари занаш се маротиба зарба мезанад.

“Баъди ба замин афтодани зан мард пеши чашмони ду фарзанди ноболиғаш сари ҳамсарашро аз тан ҷудо мекунад”, – хабар доданд дар суд.

Ҳамчунин зикр шуд, ки муҳлати чазоро Ҳидоятов дар муассисаисаи ислоҳии низомаш сахт адо мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.