CAFA-2019: Мусовии мунтахаби Тоҷикистон бо Ӯзбекистон

Бозии сеюми мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар Чемпионати Асотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дар шаҳри Душанбе бо дастаи Ӯзбекистон мусовӣ – 2 бар 2 анҷом пазируфт. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозии дигари рӯзи чоруми мусобиқа футболбозони Эрон бо ҳисоби 2 бар 0 бар дастаи Афғонистон дастболо шуданд. Ҳамин тариқ, […]

Asia-Plus

Бозии сеюми мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар Чемпионати Асотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дар шаҳри Душанбе бо дастаи Ӯзбекистон мусовӣ – 2 бар 2 анҷом пазируфт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозии дигари рӯзи чоруми мусобиқа футболбозони Эрон бо ҳисоби 2 бар 0 бар дастаи Афғонистон дастболо шуданд.

Ҳамин тариқ, пас аз дави чорум бо касби 9 имтиёз мунтахаби Эрон пешсафи ягонаи ҷадвали мусобиқа аст. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо касби 7 имтиёз дар зинаи дуюми ҷадвал қарор дорад.

Акнун ғолиби Чемпионати Асотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дар даври охирин муайян мешавад. Барои пирӯзӣ дар ин мусобиқа дар вохӯрӣ бо тими Эрон барои Тоҷикистон танҳо ғалаба зарур аст. Ин бозӣ рӯзи панҷшанбе, 15 август дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегардад. Оғози бозӣ соати 20:00.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.