Олимон гурӯҳи хуни осебнопазир ба бемории саратонро номбар карданд

Олимони соҳаи тиби Шветсия гурӯҳи хунеро номбар карданд, ки барои бемории саратон (рак) осебнопазир аст. Маълум шуд, ки шумори камтарини гирифторони бемории саратон байни шахсоне ҳузур доранд, ки дорои гурӯҳи I  хун мебошанд, иттилоъ медиҳад МедикФорум. Олимони Пажӯҳишгоҳи Каролини Шветсия ним аср пеш таҳқиқоти худро оғоз намуданд. Онҳо беморонро дар дармонгоҳҳои Британияи Кабир назорату муоина […]

Asia-Plus

Олимони соҳаи тиби Шветсия гурӯҳи хунеро номбар карданд, ки барои бемории саратон (рак) осебнопазир аст. Маълум шуд, ки шумори камтарини гирифторони бемории саратон байни шахсоне ҳузур доранд, ки дорои гурӯҳи I  хун мебошанд, иттилоъ медиҳад МедикФорум.

Олимони Пажӯҳишгоҳи Каролини Шветсия ним аср пеш таҳқиқоти худро оғоз намуданд. Онҳо беморонро дар дармонгоҳҳои Британияи Кабир назорату муоина карданд. Муддати 35 сол беш аз миллион нафар беморон мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифтанд.

Зимни озмоишҳо муайян карда шуд, ки одамони дорои гурӯҳи якуми хун аз ҳама камтар ба бемории саратон гирифтор шуда, лекин онҳо тез-тез аз бемориҳои дарди меъда (гастрит) ва яра (язва) дар узвҳои гуногун азият мекашанд.

Муаллифони пажӯҳиши нав дар ин соҳа хулосаҳои ҳамтоҳои худро аз Англия, ки қаблан ба хатари гирифторӣ ба бемории саратони меъда бештар осебпазир будани шахсони дорои гурӯҳи дуюми хунро зикр намуда буданд, тасдиқ карданд.

Гуфта мешавад, шахсони дорои гурӯҳҳои сеюм ва чоруми хун, ки дуюмаш хеле кам вомехӯранд, бештар ба гирифтор шудан ба бемории саратони ғадуди зери меъда (рак поджелудочной железы) осебпазиранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.