Кумаки милитсияи сайёҳӣ ба ду нафар шаҳрвандони хориҷӣ

Шаҳрванди Италия Верни Освалдо Сомилои 60-сола тариқи телефон ба шуъбачаи милитсияи сайёҳии Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД Тоҷикистон муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки дар роҳи Хуҷанд-Душанбе сумкаашро гум кардааст ва инчунин мототсиклаш низ вайрон шудааст. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, кормандони милитсияи сайёҳӣ ба Верни Освалдо Сомило ёрии ҳуқуқӣ ва амалӣ […]

Шаҳрванди Италия Верни Освалдо Сомилои 60-сола тариқи телефон ба шуъбачаи милитсияи сайёҳии Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД Тоҷикистон муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки дар роҳи Хуҷанд-Душанбе сумкаашро гум кардааст ва инчунин мототсиклаш низ вайрон шудааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, кормандони милитсияи сайёҳӣ ба Верни Освалдо Сомило ёрии ҳуқуқӣ ва амалӣ расонида, мототсикли ӯро ва то гузаргоҳи сарҳадии шаҳри Панҷакент бо автомашинаи хизматӣ бурда расониданд.

Милитсияи сайёҳӣ ҳамчунин ба шаҳрванди Австралия Алфредо Стефан Ричарди 45-сола низ кумак кард, ки дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ бо дучарха ба санг бархӯрда, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта буд.

Гуфта мешавад, номбурда оид ба садама дучор шуданаш ба милитсияи сайёҳии Тоҷикистон тавассути телефон муроҷиат намуда, кӯмак хост.

“Кормандони шуъбача фавран кормандони милитсияи сайёҳӣ дар ВМКБ-ро ба ҷои ҳодиса сафарбар ва ба ӯ ёрии таъҷилӣ расонида шуда, бо автомашинаи милитсияи сайёҳӣ ӯ нахуст ба шаҳри Хоруғ оварда мешавад ва сипас бо дастгирии милитсияи сайёҳӣ ба шаҳри Душанбе интиқол дода шуд”, – омадааст дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки сайёҳони хориҷӣ ба кормандони милитсияи сайёҳӣ барои кӯмак ва дастгирӣ самимона миннатдорӣ изҳор намуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.