Гумонбарии ду зани корманди Вазорати кишоварзӣ ба азхудкунӣ ва сохтакории хизматӣ

Муҳосибони Муассисаи давлатии «Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо»-и Вазорати кишоварзии Тоҷикистон воситаҳои давлатиро ғайриқонунӣ азхуд кардаанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ, Мавлуда Қушоқова ва Манижа Маҳмадшоева зимни фаъолият дар ин муассиса аз 6 январи соли 2017 то моҳи майи соли 2019 тариқи сохтакории ҳуҷҷатҳо зиёда аз 96 ҳазор […]

Муҳосибони Муассисаи давлатии «Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо»-и Вазорати кишоварзии Тоҷикистон воситаҳои давлатиро ғайриқонунӣ азхуд кардаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ, Мавлуда Қушоқова ва Манижа Маҳмадшоева зимни фаъолият дар ин муассиса аз 6 январи соли 2017 то моҳи майи соли 2019 тариқи сохтакории ҳуҷҷатҳо зиёда аз 96 ҳазор сомонӣ маблағҳоро азхуд кардаанд.

Гуфта мешавад, онҳо ба асноди расмӣ дидаю дониста маълумотҳои бардурӯғ ворид намуда, аз ҳисоби бастаҳои холӣ (вакантҳо) варақаҳои музди меҳнати электрониро сохтакорӣ ва бо ин роҳ музди маош ҳисоб карда, маблағҳоро азонихуд ва ба манфиати шахсиашон сарф кардаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати онҳо мутобиқи моддаҳои 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 323 (Сохтакории хизматӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ба онҳо ба муҳлати то се сол ҷазои маҳрумият аз озодӣ таъин шуда метавонад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.