Сомонаи «Азия-Плюс» ҳатто тариқи VPN дастнорас аст. Сабаб чист?

Шурӯъ аз дирӯз, 19 август дар дастрасӣ ба портали “Азия-Плюс” тавассути доменҳои news.tj ва asiaplus.news мушкилӣ пайдо шуд. Бисёре аз корбарони сомона изҳор мекунанд, ки ба он ҳатто тариқи VPN дастрасӣ пайдо карда наметавонанд. Зимни расидагӣ ба ин масъала маълум шуд, ки ин ҷо ноқиси техникӣ ҷой доштааст. Ба ширкати фароҳамсози интернет (интернет-провайдер)-амон муроҷиат кардем. Он […]

Asia-Plus

Шурӯъ аз дирӯз, 19 август дар дастрасӣ ба портали “Азия-Плюс” тавассути доменҳои news.tj ва asiaplus.news мушкилӣ пайдо шуд.

Бисёре аз корбарони сомона изҳор мекунанд, ки ба он ҳатто тариқи VPN дастрасӣ пайдо карда наметавонанд. Зимни расидагӣ ба ин масъала маълум шуд, ки ин ҷо ноқиси техникӣ ҷой доштааст.

Ба ширкати фароҳамсози интернет (интернет-провайдер)-амон муроҷиат кардем. Он дар навбати худ дар мактуби махсус дар бораи хатои мақомоти давлатӣ – воҳиди шомил ба Хадамоти алоқа, ки минтақаи доменнии TJ-ро танзим мекунад, огоҳ намуд.

Субҳи имрӯз низ ба ин шуъба занг зада, шарҳи мушкилро дархост намудем. Ваъда доданд, ки нимаи дуюми имрӯз ин камбудиро бартараф мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, тариқи VPN домени эҳтиётии мо – asiaplus.news дастрас аст. То бартараф кардани хатогии техникӣ метавонед аз он истифода баред. Ҳамчунин аз канали мо дар Telegram https://t.me/asiaplus ва дар Viber https://viber.com/asia-plus.

Хабарҳоро ҳамчунин дар канали мо дар  Фейсбук низ дарёфт карда метавонед: https://www.facebook.com/newstj/

Ба Дзен-канали мо буна шавед

https://zen.yandex.ru/id/5b518f959a626100a922458a

Ва ба канал дар Инстаграм

https://www.instagram.com/asiaplustj/

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.