Тоҷикистон ба тадбирҳои зидди биёбоншавии заминҳо ҳамроҳ мешавад

Рӯзҳои 2-13 сентябр дар шаҳри Деҳлӣ (Ҳиндустон) вохӯрии навбатии кишварҳои иштирокчии Конвенсияи СММ оид ба мубориза зидди биёбоншавии заминҳо баргузор мешавад. “Барои Тоҷикистон, ки дар конвенсия фаъолона иштирок мекунад, кори муштарак бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самти таҳияи тадбирҳо оид ба пешгирӣ ва коҳиши оқибатҳои хушксолӣ, ҳамчунин тӯфонҳои региву чангӣ хеле муҳим аст”, – […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Рӯзҳои 2-13 сентябр дар шаҳри Деҳлӣ (Ҳиндустон) вохӯрии навбатии кишварҳои иштирокчии Конвенсияи СММ оид ба мубориза зидди биёбоншавии заминҳо баргузор мешавад.

“Барои Тоҷикистон, ки дар конвенсия фаъолона иштирок мекунад, кори муштарак бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самти таҳияи тадбирҳо оид ба пешгирӣ ва коҳиши оқибатҳои хушксолӣ, ҳамчунин тӯфонҳои региву чангӣ хеле муҳим аст”, – гуфтааст Хелга Карстен, корманд оид ба маълумоти ҷамъиятии Конвенсияи СММ оид ба мубориза зидди биёбоншавии заминҳо.

Маълумотро дар бораи пешниҳодҳои Тоҷикистон дар вохӯриии ҷонибҳо ҳамоҳангсози миллии СММ дар Тоҷикистон Назар Абдураҳмонзода шарҳу тавзеҳ медиҳад.

Дар вохӯрии ҷонибҳо баррасии натиҷаҳои баҳодиҳии глобалӣ оид ба биёбоншавӣ дар назар аст, ки ба пешниҳод ва қабули ташаббусҳои нав, таҳияи лоиҳаву барномаҳо дар самти ноил гардидан ба тавозуни безарари биёбоншавии заминҳо имкон медиҳад.

Ҳамчунин масъалаҳои дигари муҳими рӯзномаи вохӯрӣ афзоиши саҳм дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим, пешбурди идоракунии оқилонаи замин, рушди муносибатҳои шарикии бисёрҷониба дар ин самт мебошанд.

Қобили зикр аст, ки на камтар аз 10%-и аҳолии сайёра дар заминҳои ба биёбон табдилёфта зиндагӣ мекунанд.

Дар Стратегияи миллӣ оид ба коҳиши хатарҳои офатҳои табиии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2019-2030 қайд мешавад, ки тайи 22 соли охир бар асари офатҳои табиӣ ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми ним миллиард доллар зиён расонида шуд.

“Дар давраи аз соли 1994 то соли 2018 дар Тоҷикистон наздики 3460 ҳодисаҳои офати табиӣ рух дод, яъне ба ҳисоби миёна як офати табиӣ дар ҳар ду рӯз”, – зикр мегардад дар Стратегия.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.