Милитсияи сайёҳӣ ҳамёну ҳуҷҷатҳои амрикоиро баргардонд

Кормандони шуъбачаи милитсияи сайёҳии Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД Тоҷикистон ҳамёни рангаш сиёҳро дарёфт намуданд, ки ба шаҳрванди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тааллуқ дошт. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар дохили ҳамён маблағ, ҳуҷҷати ронандагӣ ва кортҳои бонкӣ мавҷуд буданд. “Кормандони шуъбачаи милитсияи сайёҳӣ фавран онҳоро ба воситаи сафорати ИМА дар Душанбе […]

Asia-Plus

Кормандони шуъбачаи милитсияи сайёҳии Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД Тоҷикистон ҳамёни рангаш сиёҳро дарёфт намуданд, ки ба шаҳрванди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тааллуқ дошт.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар дохили ҳамён маблағ, ҳуҷҷати ронандагӣ ва кортҳои бонкӣ мавҷуд буданд.

“Кормандони шуъбачаи милитсияи сайёҳӣ фавран онҳоро ба воситаи сафорати ИМА дар Душанбе ба шаҳрванди номбурда дастрас намуданд”, -омадааст дар хабари ВКД.

Дар бораи чӣ гуна ва дар куҷо гум шудани ҳамёни шаҳрванди ИМА ва чӣ тавр дарёфт кардани он аз ҷониби кормандони милитсия маълумот дода намешавад.

Гуфта мешавад, роҳбарияти сафорати ИМА тариқи номаи сипосмандӣ ба вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро изҳори миннатдорӣ намуда, фаъолияти назаррас ва касбияти кормандони шуъбачаи милитсияи сайёҳиро таъкид намудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки худи шаҳрванди ИМА низ шахсан ба шуъбачаи милитсияи сайёҳӣ занг зада, барои дарёфти ҳамён, ҳуҷҷати ронандагӣ ва кортҳои бонкии худ махсусан ба корманди ин шуъбача лейтенанти милитсия Умедҷон Саидов изҳорӣ сипос намудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.