Се рӯз истироҳати пайдарпайи тоҷикистониён дар ҷашни Истиқлолият

Имсол 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар ба ин муносибат баргузории сайругуштҳои оммавӣ, консерт ва дигар чорабиниҳои идонаи фарҳангӣ дар назар аст. Қобили зикр аст, ки имсол дар ҷашни Истиқлолият шаҳрвандони ҷумҳурӣ се рӯз пайдарпай истироҳат мекунанд. Мувофиқи қонун “Дар бораи рӯзҳои ид”, санаи 9 сентябр рӯзи истироҳат […]

Имсол 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар ба ин муносибат баргузории сайругуштҳои оммавӣ, консерт ва дигар чорабиниҳои идонаи фарҳангӣ дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки имсол дар ҷашни Истиқлолият шаҳрвандони ҷумҳурӣ се рӯз пайдарпай истироҳат мекунанд.

Мувофиқи қонун “Дар бораи рӯзҳои ид”, санаи 9 сентябр рӯзи истироҳат эълон шуда, рӯзҳои пеш аз ин – 7 ва 8 сентябр ба шанбе ва якшанбеи ҳафта рост меоянд.

Қарор ва изҳорот “Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” санаи 9 сентябри соли 1991 дар иҷлосияи Шӯрои олии ҷумҳурӣ қабул шуда буд.

Чорабиниҳои асосӣ дар Душанбе бахшида ба ҷашн шоми 9 сентябр дар маҷмааи “Наврӯзгоҳ” доир мегардад: ба сокинону меҳмонони пойтахт бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар намоиши театришуда пешкаш мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар дод, бо қарори шаҳрдори Душанбе дар ҳамаи ноҳия ва боғҳои фарҳангу фароғати пойтахт ба муносибати ин ҷашн чорабиниҳои идона баргузор гардида, воридшавӣ ба онҳо бепул хоҳад буд.

Ба муносибати ҷашн дар саросари кишвар даҳҳо иншооти гуногуни таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Ҳамчунин рӯзи 9 сентябр бо иштироки президенти Тоҷикистон ба истифода додани агрегати дуюми нерӯгоҳи Норак пешбинӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.