Се рӯз истироҳати пайдарпайи тоҷикистониён дар ҷашни Истиқлолият

Date:

Имсол 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар ба ин муносибат баргузории сайругуштҳои оммавӣ, консерт ва дигар чорабиниҳои идонаи фарҳангӣ дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки имсол дар ҷашни Истиқлолият шаҳрвандони ҷумҳурӣ се рӯз пайдарпай истироҳат мекунанд.

Мувофиқи қонун “Дар бораи рӯзҳои ид”, санаи 9 сентябр рӯзи истироҳат эълон шуда, рӯзҳои пеш аз ин – 7 ва 8 сентябр ба шанбе ва якшанбеи ҳафта рост меоянд.

Қарор ва изҳорот “Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” санаи 9 сентябри соли 1991 дар иҷлосияи Шӯрои олии ҷумҳурӣ қабул шуда буд.

Чорабиниҳои асосӣ дар Душанбе бахшида ба ҷашн шоми 9 сентябр дар маҷмааи “Наврӯзгоҳ” доир мегардад: ба сокинону меҳмонони пойтахт бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар намоиши театришуда пешкаш мешавад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Рӯзи ҷашни Истиқлолият воридшавӣ ба боғҳои Душанбе бепул мешавад

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар дод, бо қарори шаҳрдори Душанбе дар ҳамаи ноҳия ва боғҳои фарҳангу фароғати пойтахт ба муносибати ин ҷашн чорабиниҳои идона баргузор гардида, воридшавӣ ба онҳо бепул хоҳад буд.

Ба муносибати ҷашн дар саросари кишвар даҳҳо иншооти гуногуни таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Ҳамчунин рӯзи 9 сентябр бо иштироки президенти Тоҷикистон ба истифода додани агрегати дуюми нерӯгоҳи Норак пешбинӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...