Кӯдаки дусоларо дар Ваҳдат рабуда, аз волидонаш пул талаб кардаанд

Date:

Бобои кӯдаки хурдсол дар бораи бенишон шудани наберааш ба ШВКД-и шаҳри Ваҳдат муроҷиат кардааст. Тибқи аризаи ин марди 49-сола, набераи ӯро нафари ношинос рӯзи 7-уми сентябр, тахминан соати 9:30 бо роҳи пинҳонӣ аз назди хонаи истиқоматиашон рабудааст.

Бино ба иттилои ВКД ҶТ, кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 47-солаи сокини деҳаи Қирғизони шаҳри Ваҳдатро бо гумони одамрабоӣ дастгир кардаанд. Гумонбар пеш бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (Одамкушӣ) суд шудааст. Ӯ кӯдакро бо мақсади талаби маблағи пулӣ ва додани ҷазои рӯҳию маънавӣ ба волидайни хурдсол рабуда, ба хонаи хоҳараш – зани 39-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бурдааст ва дар он ҷо то соати 16:10 нигоҳ доштааст. Аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Рабудани кӯдакон аз назди биноҳои истиқоматӣ ҳодисаи аввал нест. Маротибаи дигар як марди ношинос талоши рабудани наврасеро дар назди бозори “Корвон” карда буд. Он мард кӯдакро танҳо баъд аз фарёди занон раҳо карда, аз ҷойи ҳодиса гурехта буд.

Соли гузашта Икром Ҳамидови 9-сола низ аз назди бинои итиқоматии худ (кӯчаи Борбад 64/2) бедарак гардида, то ҳол пайдо нашудааст. Модари Икром – Зулфия Ҳомидова дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки то имрӯз иттилое дар бораи фарзандаш надорад. 

Ба қавли Зулфия, дар бенишон шудани фарзандаш ҳамсояи ӯ Зокир Ҷабилов даст дорад. Ин зан мегӯяд, фарзандони худро ба танҳоӣ тарбият мекунад. Вай афзуд: “Ман пешниҳоди издивоҷи Зокир Ҷабиловро рад намудам ва бовар дорам, ки дар бенишон шудани фарзандам ҳамин одам гунаҳгор аст”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Зулфия Ҳомидова бо писараш Икром ва духтараш. Акс аз бойгонии шахсӣ.

Икром ягона кӯдаке нест, ки бенишон шудааст. Шаш сол пеш хоҳарон Араловаҳо (23-юми марти соли 2013) дар маркази шаҳр бедарак шуданд. Маликаи 6-сола ва Сабринаи 4-сола аз назди бинои истиқоматиашон, воқеъ дар қарибии маркази савдои “Садбарг” ғайб зада буданд ва то ҳол аз онҳо дараке нест.

Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ медиҳад, ки тӯли шаш моҳи соли равон 202 ноболиғ дар ҷумҳурӣ бенишон гардидаанд, вале ҳамаи онҳо дарёфт ва ба хонаводаашон баргардонида шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...