Футболбозони тоҷик дастаи Муғулистонро ҳам мағлуб карданд

Дар даври дуюми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 оид ба футбол дар гурӯҳи “F” футболбозони тоҷик дар шаҳри Улан-Батор соҳибони майдон – дастаи Муғулистонро бо ҳисоби 1 бар 0 мағлуб карданд. Тӯби ягонаро дар дақиқаи 81-уми бозӣ футболбози тоҷик Давронҷон Эргашев ба ҳадаф расонид. Дар дақиқаи 85-ум футболбози дастаи Тоҷикистон Искандар Ҷалилов корти сурх гирифта, аз майдон берун шуд. Футболбозони дигари тоҷик Парвиз […]

Дар даври дуюми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 оид ба футбол дар гурӯҳи “F” футболбозони тоҷик дар шаҳри Улан-Батор соҳибони майдон – дастаи Муғулистонро бо ҳисоби 1 бар 0 мағлуб карданд.

Тӯби ягонаро дар дақиқаи 81-уми бозӣ футболбози тоҷик Давронҷон Эргашев ба ҳадаф расонид.

Дар дақиқаи 85-ум футболбози дастаи Тоҷикистон Искандар Ҷалилов корти сурх гирифта, аз майдон берун шуд. Футболбозони дигари тоҷик Парвиз Умарбоев, Эҳсони Панҷшанбе, Хуршед Бекназаров ва Амирбек Ҷӯрабоев корти зард гирифтанд.

Ёдрас мекунем, ки мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввали ин мусобиқа дастаи Қирғизистонро бо ҳисоби 1 бар 0 шикаст дода буд. Акнун бо касби 6 имтиёз пас аз ду бозӣ Тоҷикистон дар садри ҷадвали “F” қарор дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.