Тоҷикистон истеҳсол ва содироти лифтҳои муосирро ба роҳ монданист

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ба сармоягузорон лоиҳае пешниҳод кардааст, ки сохтмони корхонаи истеҳсоли лифтҳоро дар шаҳри Кӯлоб ба нақша гирифтааст. “Ҳадаф аз татбиқи лоиҳа роҳандозии комлекси технологияи муосири истеҳсоли лифтҳо мебошад. Амалисозии он ба истеҳсоли лифтҳои муосир дар дохили кишвар ва содироти минбаъдаи онҳо имкон  медиҳад”, – зикр шудааст дар сомонаи Кумита. Гуфта мешавад, […]

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ба сармоягузорон лоиҳае пешниҳод кардааст, ки сохтмони корхонаи истеҳсоли лифтҳоро дар шаҳри Кӯлоб ба нақша гирифтааст.

“Ҳадаф аз татбиқи лоиҳа роҳандозии комлекси технологияи муосири истеҳсоли лифтҳо мебошад. Амалисозии он ба истеҳсоли лифтҳои муосир дар дохили кишвар ва содироти минбаъдаи онҳо имкон  медиҳад”, – зикр шудааст дар сомонаи Кумита.

Гуфта мешавад, нақшаи пешакии тиҷоратӣ аллакай таҳия шуда, омода кардани заминаи фанниву иқтисодии лоиҳа зарур аст.

Сармоягузори таваҷҷуҳдошта бояд 10 млн. доллар маблағгузорӣ кунад. Муҳлати амалисозии лоиҳа 3 сол муқаррар шудааст.

Иқтидори корхона истеҳсоли 3 ҳазор лифт дар як сол пешбинӣ гардидааст. Дар сурати бо чунин иқтидор мавриди истифода қарор гирифтани корхона, беш аз 250 нафар бо ҷойи кор таъмин мешаванд.

Барои сохтмони корхонаи мазкур 1,5 гектар замин ҷудо карда мешавад.

Ба сармоягузор имтиёзҳои сершумор, аз қабили озод кардан аз пардохти андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ зимни воридсозии таҳҷизоти истеҳсолӣ-технологӣ, реҷаи махсуси иҷозатномадиҳӣ ва ғайра пешниҳод мегардад.

Сохтмони корхона дар наздикии роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб ба нақша гирифта шуда, аз он то пойтахт 196 километр масофа хоҳад буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...