Кӯдаки дусоларо дар Ваҳдат рабуда, аз волидонаш пул талаб кардаанд

Бобои кӯдаки хурдсол дар бораи бенишон шудани наберааш ба ШВКД-и шаҳри Ваҳдат муроҷиат кардааст. Тибқи аризаи ин марди 49-сола, набераи ӯро нафари ношинос рӯзи 7-уми сентябр, тахминан соати 9:30 бо роҳи пинҳонӣ аз назди хонаи истиқоматиашон рабудааст. Бино ба иттилои ВКД ҶТ, кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 47-солаи сокини деҳаи Қирғизони шаҳри Ваҳдатро […]

Бобои кӯдаки хурдсол дар бораи бенишон шудани наберааш ба ШВКД-и шаҳри Ваҳдат муроҷиат кардааст. Тибқи аризаи ин марди 49-сола, набераи ӯро нафари ношинос рӯзи 7-уми сентябр, тахминан соати 9:30 бо роҳи пинҳонӣ аз назди хонаи истиқоматиашон рабудааст.

Бино ба иттилои ВКД ҶТ, кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 47-солаи сокини деҳаи Қирғизони шаҳри Ваҳдатро бо гумони одамрабоӣ дастгир кардаанд. Гумонбар пеш бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (Одамкушӣ) суд шудааст. Ӯ кӯдакро бо мақсади талаби маблағи пулӣ ва додани ҷазои рӯҳию маънавӣ ба волидайни хурдсол рабуда, ба хонаи хоҳараш – зани 39-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бурдааст ва дар он ҷо то соати 16:10 нигоҳ доштааст. Аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Рабудани кӯдакон аз назди биноҳои истиқоматӣ ҳодисаи аввал нест. Маротибаи дигар як марди ношинос талоши рабудани наврасеро дар назди бозори “Корвон” карда буд. Он мард кӯдакро танҳо баъд аз фарёди занон раҳо карда, аз ҷойи ҳодиса гурехта буд.

Соли гузашта Икром Ҳамидови 9-сола низ аз назди бинои итиқоматии худ (кӯчаи Борбад 64/2) бедарак гардида, то ҳол пайдо нашудааст. Модари Икром – Зулфия Ҳомидова дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки то имрӯз иттилое дар бораи фарзандаш надорад. 

Ба қавли Зулфия, дар бенишон шудани фарзандаш ҳамсояи ӯ Зокир Ҷабилов даст дорад. Ин зан мегӯяд, фарзандони худро ба танҳоӣ тарбият мекунад. Вай афзуд: “Ман пешниҳоди издивоҷи Зокир Ҷабиловро рад намудам ва бовар дорам, ки дар бенишон шудани фарзандам ҳамин одам гунаҳгор аст”.

Икром ягона кӯдаке нест, ки бенишон шудааст. Шаш сол пеш хоҳарон Араловаҳо (23-юми марти соли 2013) дар маркази шаҳр бедарак шуданд. Маликаи 6-сола ва Сабринаи 4-сола аз назди бинои истиқоматиашон, воқеъ дар қарибии маркази савдои “Садбарг” ғайб зада буданд ва то ҳол аз онҳо дараке нест.

Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ медиҳад, ки тӯли шаш моҳи соли равон 202 ноболиғ дар ҷумҳурӣ бенишон гардидаанд, вале ҳамаи онҳо дарёфт ва ба хонаводаашон баргардонида шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.