АНОНС
– Дар доираи сафари корӣ ба Кӯлоб Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти як қатор иншоот, аз ҷумла ду мактаб, ду беморхона, коллеҷи мусиқӣ, боғи аттраксионҳо ва боғи таъмиру навсозишудаи фарҳангу истироҳати шаҳр ҳусни оғоз мебахшад;
– Шоми имрӯз дар амфитеатри шаҳри Кӯлоб ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатӣ консерт доир мегардад. Дар намоиши театришуда 5,7 ҳазор нафар иштирок мекунанд;
– Дар меҳмонхонаи Hotel Dushanbe" (хиёбони Рӯдакӣ, 14, ошёнаи 9-ум) маросими рӯнамои натиҷаҳои таҳқиқоти “Истифодаи маводи иттилоотии онлайн дар Осиёи Марказӣ” баргузор мешавад. Таҳқиқот дар доираи лоиҳаи “Рушди расонаҳои нав ва журналистикаи рақамӣ дар Осиёи Марказӣ”, ки аз ҷониби IWPR бо дастгирии молии ҳукумати Британияи Кабир амалӣ мешавад, гузаронида шудааст. Оғоз соати 09:30. Воридшавӣ озодона аст;
– Дар Уммон (Урдун) дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба теннис қувваозмоиҳородар гурӯҳи 4-уми минтақаи Осиё-Океания дар мусобиқаи Ҷоми Дэвис оғоз мекунад.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 9.6891 сомонӣ;
1 евро – 10.6997 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1478 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1929 – Ҳаракати қатораҳо тавассути роҳи оҳани Душанбе-Тирмиз оғоз гардид.
1933 – Нахустин корхонаи коркарди металли саноати Тоҷикистон – корхонаи механикии ба номи Орҷоникидзе ба истифода дода шуд.
2001 – Ҳуҷуми террористон ба ИМА. Ин рӯз дар саросари ҷаҳон маҳз бо ин ном – «то» ва «пас аз 11-уми сентябр» ёдоварӣ мешавад.
2012 — Шабакаи телевизионии давлатии «Шабакаи аввал» ба пахши шабонарӯзии барномаҳо оғоз кард.
1911-1997 – Зодрӯзи Сотим Улуғзода, Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
1932 – Мавлуди коргардони кино, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Сайфулло Ҷӯрабоев.
Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 11 сентябр аз ширкати Windy.com-и Чехия.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


