Байни кишварҳои узви ИДМ Тоҷикистон аз ҳама камтар савдо мекунад

Муомилоти молии аз ҳама камтар байни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Ҳаҷми умумии гардиши савдои берунаи Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-июни соли 2019 каме бештар аз 2,1 млрд. долларро ташкил додааст. Дар ин бора Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ хабар медиҳад. Ҳамчунин андозаи нисбатан пасти муомилоти молии […]

Муомилоти молии аз ҳама камтар байни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Ҳаҷми умумии гардиши савдои берунаи Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-июни соли 2019 каме бештар аз 2,1 млрд. долларро ташкил додааст. Дар ин бора Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ хабар медиҳад.

Ҳамчунин андозаи нисбатан пасти муомилоти молии хориҷӣ дар Қирғизистон (3,2 млрд. доллар), Арманистон (3,5 млрд. доллар) ва Молдова (4,1 млрд. доллар) сабт шудааст.

Дар ин давра ҳаҷми аз ҳама бештари гардиши савдои хориҷӣ байни кишварҳои Иттиҳод дар Русия – 318 млрд. доллар сабт шудааст. Дар зинаҳои баъдӣ Украина (52 млрд. доллар), Қазоқистон (45 млрд. доллар), Беларус (34 млрд. доллар), Озарбойҷон ва Ӯзбекистон (17 млрд. долларӣ) қарор доранд.

Тӯли шаш моҳи соли ҷорӣ кишварҳои узви ИДМ ба сурати умум дар ҳаҷми 500 млрд. доллар муомилоти молӣ анҷом додаанд.

Дар ҳамин ҳол, ба ҷуз Русия (+93 млрд. доллар), Қазоқистон (+11 млрд. доллар) ва Озарбойҷон (+3 млрд. доллар), қариб дар ҳамаи кишварҳои дигари ИДМ тавозуни савдо манфӣ сурат гирифтааст.

Каср (камбуд)-и тавозуни савдои Тоҷикистон давоми шаш моҳи аввали соли равон наздики 1 млрд. долларро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.