Хуҷанд: ҳукми 7,6 соли зиндон ба узви созмони “Шоҳидони Яҳво”

Суди шаҳри Хуҷанд узви созмони мазҳабии “Шоҳидони Яҳво” (Свидетели Иеговы) Шамил Ҳакимовро ба иттиҳоми барангехтани адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ ба 7,6 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард. Ғайр аз ин, ба ӯ фаъолият муддати се сол пас аз озодӣ дар муассисаҳои динӣ манъ шуд. Бино ба маълумоти мақомоти тафтишот, Шамил Ҳакимови 68-сола, зодаи […]

Суди шаҳри Хуҷанд узви созмони мазҳабии “Шоҳидони Яҳво” (Свидетели Иеговы) Шамил Ҳакимовро ба иттиҳоми барангехтани адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ ба 7,6 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

Ғайр аз ин, ба ӯ фаъолият муддати се сол пас аз озодӣ дар муассисаҳои динӣ манъ шуд.

Бино ба маълумоти мақомоти тафтишот, Шамил Ҳакимови 68-сола, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ то соли 2016 дар Душанбе иқомат дошта, сипас ба шаҳри Бӯстон барои таблиғи ақидаҳои созмони мазҳабии фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи “Шоҳидони Яҳво” кӯчидааст.

Фаъолияти созмони “Шоҳидони Яҳво” дар қаламрави Тоҷикистон соли 2007 манъ шуд. Намояндагони созмон ба саркашӣ аз адои хизмати ҳарбӣ даъват мекунанд, ки мухолифи Конститутсияи ҷумҳурӣ аст.

“Бале, ман узви созмони “Шоҳидони Яҳво” мебошам, касе фикри маро дигар карда наметавонад, ман ҳамаи одамонро дӯст медорам. Ба ҳеҷ миллату дин адовате надорам. Аз эътиқоди худ даст кашиданӣ нестам. Ман гуноҳе надорам”, – ба айби худ иқрор нашуд Ҳакимов зимни додани сухан ба ӯ.

Қобили зикр аст, ки ин ҳодисаи дуюми зиндонӣ шудани пайравони равияи мазҳабии мазкур мебошад. Чанде қабл суд сарбози 18-соларо барои саркашӣ аз пӯшидани сарулибоси ҳарбӣ аз рӯйи эътиқод ба муҳлати 6 моҳ аз озодӣ маҳрум кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.