Кумитаи давлатии амнияти миллӣ: Дар Тоҷикистон фаъолияти созмони мазҳабии «Шоҳидони Яҳво» пурра манъ карда шудааст

               Душанбе. 2-юми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Бо қарори додгоҳи гарнизони низомии шаҳри Душанбе дар Тоҷикистон фаъолияти созмони мазҳабии «Шоҳидони Яҳво» пурра манъ карда шудааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази робита бо ҷомеаи Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Нозирҷон Бӯриев хабар дод.             Бино ба иттилои манбаъ, аввалҳои моҳи сентябр намояндагони […]



            




 

Душанбе. 2-юми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Бо қарори додгоҳи гарнизони низомии шаҳри Душанбе дар Тоҷикистон фаъолияти созмони мазҳабии «Шоҳидони Яҳво» пурра манъ карда шудааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази робита бо ҷомеаи Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Нозирҷон Бӯриев хабар дод.





           

Бино ба иттилои манбаъ, аввалҳои моҳи сентябр намояндагони созмони мазкур ба додгоҳи номбурда шикоят бурдаанд, ки кормандони мақомоти амният, Хадамоти гумруки назди ҳукумат ва Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ғайриқонунӣ беш аз 500 ҳазор нусхаи адабиёти моҳияти тарғиботӣ доштаи онҳоро мусодира кардаанд.




           

«Бо назардошти он, ки созмон чандин маротиба барои вайрон кардани қонунгузории Тоҷикистон огоҳинома гирифтаву гузашта аз ин, фаъолияти он муддати се моҳ мутаваққиф гардида буд, додгоҳ дар бораи манъи фаъолияти пурраи он қарор ба тасвиб расонид», – изҳор дошт манбаъ.




           

Ёдрас мекунем, ки созмони мазҳабии «Шоҳидони Яҳво» ба фаъолияти худ дар Тоҷикистон соли 1997 оғоз бахшида буд. Мувофиқи маълумоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, феълан дар ҷумҳурӣ 85 созмони мазҳабӣ фаъолият доранд.




 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.