Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар доираи сафари корӣ ба Кӯлоб Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти як қатор иншоот, аз ҷумла ду мактаб, ду беморхона, коллеҷи мусиқӣ, боғи аттраксионҳо ва боғи таъмиру навсозишудаи фарҳангу истироҳати шаҳр ҳусни оғоз мебахшад; – Шоми имрӯз дар амфитеатри шаҳри Кӯлоб ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатӣ консерт доир мегардад. Дар намоиши театришуда […]

АНОНС

– Дар доираи сафари корӣ ба Кӯлоб Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти як қатор иншоот, аз ҷумла ду мактаб, ду беморхона, коллеҷи мусиқӣ, боғи аттраксионҳо ва боғи таъмиру навсозишудаи фарҳангу истироҳати шаҳр ҳусни оғоз мебахшад;

– Шоми имрӯз дар амфитеатри шаҳри Кӯлоб ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатӣ консерт доир мегардад. Дар намоиши театришуда 5,7 ҳазор нафар иштирок мекунанд;

– Дар меҳмонхонаи Hotel Dushanbe" (хиёбони Рӯдакӣ, 14, ошёнаи 9-ум) маросими рӯнамои натиҷаҳои таҳқиқоти “Истифодаи маводи иттилоотии онлайн дар Осиёи Марказӣ” баргузор мешавад. Таҳқиқот дар доираи лоиҳаи “Рушди расонаҳои нав ва журналистикаи рақамӣ дар Осиёи Марказӣ”, ки аз ҷониби IWPR бо дастгирии молии ҳукумати Британияи Кабир амалӣ мешавад, гузаронида шудааст. Оғоз соати 09:30. Воридшавӣ озодона аст;

– Дар Уммон (Урдун) дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба теннис қувваозмоиҳородар гурӯҳи 4-уми минтақаи Осиё-Океания дар мусобиқаи Ҷоми Дэвис оғоз мекунад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6891 сомонӣ;

1 евро – 10.6997 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1478 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1929 – Ҳаракати қатораҳо тавассути роҳи оҳани Душанбе-Тирмиз оғоз гардид.

1933 – Нахустин корхонаи коркарди металли саноати Тоҷикистон – корхонаи механикии ба номи Орҷоникидзе ба истифода дода шуд.

2001 – Ҳуҷуми террористон ба ИМА. Ин рӯз дар саросари ҷаҳон маҳз бо ин ном – «то» ва «пас аз 11-уми сентябр» ёдоварӣ мешавад.

2012 — Шабакаи телевизионии давлатии «Шабакаи аввал» ба пахши шабонарӯзии барномаҳо оғоз кард.

1911-1997 – Зодрӯзи Сотим Улуғзода, Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

1932 – Мавлуди коргардони кино, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Сайфулло Ҷӯрабоев.

Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 11 сентябр аз ширкати Windy.com-и Чехия.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.